Бо дастигирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳдорони кишвар боз соҳиби 10 адад техникаи нави замонавии роҳнигоҳдорӣ гардиданд.
Техника аз 5 боркунки фронталии тамғаи «Lovol-FL», як экскаватори тасмачархи тамғаи «Lovol-FL-220D2» ва 4 адад автогрейдери тамғаи «Lutong Py180» иборат буда, рузи 7 май аз ҷониби Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба роҳдорони минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазири Рашт ва Кӯлоб супорида шуд.
То ба имрўз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар Вазорат амалӣ гардидаанд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақаҳо 746 адад техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд ва айни ҳол муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ соҳиби 1324 техникаву таҷҳизот дар ихтиёр доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдату ягонагӣ ва пешрафти соҳаҳо, пеш аз ҳама таъмини равуо ва равобити дохилиҷумҳуриву хориҷӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сар карда, пайгирона аҳли кишварро ба ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват мекунанд ва Ҳукумати кишварро муваззаф намудаанд, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон ва ба кишвари муосири танзитии минтақа табдил додани он тадбирҳои судманд андешад.
Ин имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷҳои камтарин ва дар муддати начандон зиёд ба уқёнус ва бандарҳои баҳрӣ баромада, доираи бозори худро густариш ва мавқеашро дар минтақа устувор гардонанд.