Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

РОҲ БА СӮИ УҚЁНУС. Гузориш аз сафари кории ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Эрон

Санаи нашр: 02-05-2024 Просмотрено: 1470

21-25 апрели соли равон дар шаҳри Теҳрон Комиссияи муштараки ҶТ ва ҶИЭ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ масъалаи истифодаи Тоҷикистон аз Бандари байналмилалии баҳрии «Чобаҳор»-ро мушаххас намуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳайати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода (роҳбари ҳайат), сардори шуъбаи кор бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷии Раёсати байналмилалии Вазорати нақлиёт Фирӯз Маҳмудов, директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Раҳмиддин   Саломзода ва муовини аввали директори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Сорбон Гулаҳмадзода рӯзҳои 21-25 апрели соли 2024 дар ҷаласаи Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, иштирок ва аз Бандари байналмилалии баҳрии «Чобаҳор» боздид намуд.  

  22 апрел мулоқоти ҷонибҳо дар Созмони роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаӣ (автомобилӣ)-и Вазорати роҳ ва шаҳрсозии ҶИЭ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ва ҳайати Эронро муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Дориюш Амони Теҳронӣ муаррифӣ карданд. Дар он ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, рушди муносибатҳои нақлиётиву логистикиро мавридди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ оид ба пешрафти  муносибатҳои тиҷоратии байни ду кишвар ва афзоиши омори муомилоти интиқоли борҳо, зарфият ва имкониятҳои  мавҷуда, ки метавон онҳоро ҷиҳати тавсеаи бештари ин ҳамкориҳо истифода бурд, мубодилаи афкор намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар асоси моддаи 12 Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва банди 16.1 ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ доир гардид. Дар он роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ва ҷониби Эронро муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозии ҶИЭ Дориюш Амонӣ ва мудири кули дафтари транзит ва ҳамлу нақли байналмилалии ин вазорат Ҷовид Ҳидоятӣ бар ӯҳда доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумӣ, ҳамлу нақли байналмилалии дуҷониба,  бисёрҷониба ва мултимодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки тарафҳо зимни мубодилаи иттилооти оморӣ аз раванди рушди ҳамлу нақли байалмилалии автомобилии дуҷониба ва транзитӣ аз қаламрави якдигар ибрози қаноатмандӣ карда, ба зарурати афзоиши саҳми ҳамлу нақли мустақим таъкид намуданд ва доир ба масъалаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:

  -омори ҳаракати нақлиётро ба самтҳо ва убур аз қаламрави ҳамдигар дар шаш моҳ як маротиба  ба маълумоти якдигар мерасонанд;

 - барои соли 2025 ба миқдори 3500 адад рухсатнома (1500  бештар нисбат ба соли 2024) ҷиҳати интиқоли байналмилалии дуҷониба ва транзит ва 500 рухсатнома аз/ба давлати сеюм мубодила менамоянд;

  - дар асоси масрафи рухсатномаҳо дархости тарафи муқобилро барои мубодилаи рухсатномаҳои иловагӣ бо назари мусоид баррасӣ ва иқдом менамоянд;

- мутобиқи моддаи 3 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» ҳамлу нақли байналмилалии мусофиронро байни ду кишвар ба роҳ мемонанд.

Ҷонибҳо оид ба аҳамияти долони Чин ба Аврупо аз тариқи қаламрави ҶТ ва ҶИЭ таъкид намуданд. Дар ин иртибот муқаррар гардид, ки намояндагони бахши хусусии ҳарду кишвар дар ҳамкорӣ бо маъмурияти роҳҳои оҳан ва автомобилӣ нисбат ба омӯзиши масир ва таҳияи гузориши имконсанҷӣ бо назардошти ҳазинаҳо ва замонбандӣ иқдом намуда, пас аз дарёфти назорати такмилии мақомоти давлатӣ ва мувофиқаи ниҳоии он нисбат ба барномарезии интиқоли пилотӣ иқдом менамоянд.

Дар ҷаласа масъалаи бартараф намудани мушкилоти ронандагони тоҷик ҳангоми вуруд ва гузариши транзитӣ  тавассути қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла истифода аз сузишворӣ ва шоҳроҳҳо мавриди изҳори назар  қарор дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон бо ироаи тавзеҳот дар хусуси баргузории Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тяншон» дар шаҳри Душанбе, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ дар назар аст, аз мақомоти аршади эронӣ ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиш даъват ба амал овард.

Қарор дода шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ нимаи аввали соли 2025 бо мизбонии ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

 Гуфтушунид дар вазъияти дӯстона ва тафоҳуми комил сурат гирифт ва аз натоиҷи он протокол ба имзо расонида шуд.

Рӯзҳои 23-24 уми соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бандари байналмилалии баҳрии «Чобаҳор» боздид намуда, бо имконият ва зарфиятҳои он, инчунин  корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Чобаҳор», аз ҷумла марказҳои логистикӣ, анборҳо ва ширкати миллии «Mokran Petrochemical» шинос шуд. Сипас музокирот бо роҳбарият ва масъулини бандари «Чобаҳор» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти гумрук, минтақаи озоди иқтисодии «Чобаҳор», намояндагони Созмони банодиру дарёнавардии Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон  ширкат карданд.

Дар натиҷаи боздид ва мулоқоту музокирот бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари «Чобаҳор» байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 8 ноябри соли 2023, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзити мултимодалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар натиҷаи боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инфрасохтор ва зарфиятҳои транзитии бандари «Чобаҳор» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодиру дарёнавардӣ оид ба якчанд масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳо ба тафоҳум расиданд. Аз ҷумла, Созмони банодиру дарёнавардӣ  бо мақсади рушди транзити мултимодалӣ ба/аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон омодагии худро барои ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳудуди бандари «Чобаҳор», ки шароити муносиб, аз ҷумла дастрасӣ ба роҳи оҳан ва автомобилиро дорад, эълон намуд.

 Қарор дода шуд, ки  ҷониби Тоҷикистон дар давоми се моҳ ширкатҳои салоҳиятдорро дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ  дастбакор ва дар давоми чор моҳ модели сармоягузорӣ оид ба сохтмони инфрасохтори логистикиро расман тариқи роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Эрон ирсол менамояд.

Дар рафти музокирот дархост гардид, ки ҷониби эронӣ дар давоми як моҳ иттилооти марбут ба зарфияти корхонаҳои тавлидотии ҳудуди Минтақаи озоди «Чобаҳор» ва рӯйхати тахфифҳои марбут ба хизматрасониҳои транзитиро тариқи роҳҳои дипломатӣ пешниҳод намояд. Ҷиҳати иҷрои пешниҳоди мазкур изҳори омодагӣ  карда шуд.

 Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар муддати се моҳи оянда бо мақсади амалӣ намудани масъалаҳои  зикршуда Гуруҳи кории муштараки иборат аз коршиносон ва намояндагии салоҳиятдор ва техникӣ дар шаҳри Душанбе ё Теҳрон таъсис дода мешавад.

Дар натиҷаи боздид аз бандари «Чобаҳор» ва музокироти дуҷониба 24 апрели соли 2024 дар шаҳри Теҳрон суратҷаласаи (протоколи) музокирот байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодиру дарёнавардии Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба  тасвиб расид. Зери ин санад муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ва   муовини Вазири нақлиёт ва шаҳрсози ҶИЭ Алиакбари Сафоӣ имзо  гузоштанд.

  Зимни сафар дар ҷаласаҳо ва ҳангоми боздид аз бандари «Чобаҳор» ҳайати Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ  ва котиби якуми Сафрорат Хокимиддин Раҳмонов ҳамроҳӣ намуданд.