Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

САҲМИ БАТР ДАР ТАКМИЛИ СИСТЕМАИ НАҚЛИЁТИ ТОҶИКИСТОН. Бонк ба навсозии инфрасохтори калидӣ ва қадамҳои устувор дар рушди соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе мусоидат менамояд

Санаи нашр: 30-04-2024 Просмотрено: 1120

Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои навсозии инфрасохтори калидӣ ва қадамҳои устувор дар рушди нақлиёти пойтахти Тоҷикистон маблағ ҷудо менамояд. Ин лоиҳаи сеюм дар доираи Нақшаи тадбирҳои «Душанбе - шаҳри сабз» аст, омадааст дар варақаи иттилоотии БАТР, ки имрӯз нашр шудааст.

 29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

 Дар мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби БАТР дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, бахусус дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ маблағгузорӣ мешаванд, баррасӣ гардид.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои робитаҳои доимӣ ва судманд дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд: «Мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориамонро бо Бонк баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар аз он умедвориҳои зиёд дорем».

 Пас аз мулоқот Одил Рено-Бассо дар нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ хабар дод, ки дар доираи ин сафар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ният дорад дар доираи Нақшаи тадбирҳои «Душанбе – шаҳри сабз» ва дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорати занон як қатор созишномаҳои қарзӣ ба имзо расонад.

  Тавре дар варақаи иттилоотии БАТР зикр шудааст, қарзи мустақими Бонк дар ҳаҷми то 28,45 млн евро ба маблағгузории беҳбуди низоми нақлиёт дар қисмати соҳилии пойтахти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Сухан дар бораи таҷдиди роҳҳо ва пули болои дарёи Варзоб меравад.  

Маблағҳои Бонк инчунин ба сохтмони хатсайрҳои ҷудошудаи автобус ва троллейбус, инчунин минтақаҳои махсус барои пиёдагардон, велосипедронҳо ва мошинҳои барқӣ равона карда мешаванд.

«Мо хеле хушнудем, ки ин лоиҳаро бо Мақомоти Душанбе имзо мекунем. Он ба «рӯзномаи сабз» мутобиқ аст, зеро Душанбе соли 2019 ба Барномаи БАТР «Шаҳри сабз» (GCAP) ҳамроҳ гардид», - гуфтааст президенти БАТР Одил Рено - Бассо.

 Ҳамчунин зикр гардидааст, ки Барномаи «Душанбе- шаҳри сабз», ки дар якҷоягӣ бо БАТР таҳия шудааст, ба шаҳри калонтарини Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 800 000 нафар дар ҳалли мушкилоти афзалиятноки ҳифзи муҳити зист ва муайян намудани самтҳои рушд кӯмак мерасонад.

 Сармоягузорӣ ба гузариши стратегӣ аз моделҳои анъанавии интиқоли карбон ба принсипҳои рушди устувор ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат хоҳад кард.

 Пас аз анҷоми лоиҳа партовҳои солонаи гази карбон дар шаҳри Душанбе 37 фоиз коҳиш меёбад ва ин имкон медиҳад, ки пойтахти Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тозатар гардад.

 Ёдовар мешавем, ки БАТР, ки дар аввали соли 2020 стратегияи панҷсолаи сармоягузории барномаҳои худро дар Тоҷикистон ба тасвиб расонид, яке аз бузургтарин сармоягузорони хориҷии кишварамон мебошад. То имрӯз Бонк соҳаҳои энергетика, нақлиёт, бонкдорӣ, соҳибкории миёна ва хурдро дастгирӣ ва ба 168 лоиҳа 947 миллион евро сармоягузорӣ  кардааст.

 Бахусус, иштироки фаъолонаи Бонк дар беҳдошти маҷмаи роҳу нақлиёти ҶТ  қобили зикр аст.

Солҳои 2018 ва 2020 дар Душанбе, дар маҳаллаҳои 82-юм ва Қарияи Боло бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ду эстакадаи сеқабата, ки бо маблағгузории БАТР ва дигар шарикони рушд бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.

          БАТР инчунин барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе — сарҳади Узбекистон», лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Роғун – Обигарм – Нуробод», ки долони асосии нақлиётӣ дар кишвар буда, Тоҷикистонро бо Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин мепайвандад, инчунин лоиҳаҳо барои ҳалли мушкилоти соҳаи нақлиёт дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд даҳҳҳо миллион доллари ИМА маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.

   

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» бо назардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин ба ҳайси яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо дар солҳои охир афзоиш ёфтааст, ба ҷоизаи тиллоии БАТР – Gold Award аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 сазовор гардид.

 Зимни суханронии худ дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» 7 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Ин роҳ барои кишвар ва минтақа аҳамияти стратегӣ дорад».

Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, БАТР (англ.: European Bank for Reconstruction and Development, EBRD) – муассисаи байналмилалии молиявӣ буда, соли 1991 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи марказии он дар Лондон ҷойгир аст. Тоҷикистон аз соли 1992 яке аз аъзои БАТР мебошад.