Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 26-04-2024 Просмотрено: 1225

Дар ин бахш бо хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон  шинос шавед.

                                ДАР ТОҶИКИСТОН

 24 апрели соли 2024 дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва борҳо» ба имзо расид.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Италия Эдуардо Рикси – муовни Вазири инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Италия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба имзо расониданд.

                                          ***

Шуруъ аз 26 апрел ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз буриши кӯчаҳои Ш. Шоҳтемур – М. Турсунзода то буриши кӯчаҳои Ш. Шоҳтемур — А. Лоҳутӣ ва кӯчаҳои А. Лоҳутӣ – Пулодӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

 Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар сабаби гузаронидани ноқилҳои зеризаминии баландшиддати барқӣ то анҷоми корҳои таъмирӣ манъ мегардад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои гузошташударо риоя намуда, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

                                 ***

Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ-ярмаркаи «Тоҷикистон-2024» аз 3 то 5 майи соли 2024 баргузор мегардад. Он дар Мркази ЭКСПО-и Душанбе ташкил карда мешавад.  Намоишгоҳ   бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ташкил карда шуда,  тӯли қариб 10 сол ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад ва ба ширкатҳои ватанӣ ва истеҳсолкунандагони мол имкон дода мешавад, ки маҳсулот ва дастовардҳои худро ба намоиш гузоранд, ширкатҳои хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон шарикони тиҷоратӣ пайдо мекунанд.

 Дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин ва Туркия ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷумла, яке аз иштирокчиени намоишгоҳ корхонаи пешбари мошинсозии Беларус - ҶСК «Заводи оҳангарӣ ва муҳрзании вазнин» мебошад.

                                         ***

Ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инчунин дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар самтҳои ҳамкорӣ дар Женева баррасӣ гардид.                                  

                                        ***   

Дар Тоҷикистон соли 2024 дар соҳаи нақлиёт тибқи нақша татбиқи 5 лоиҳа ба маблағи 585 миллион доллар ба анҷом расонида мешавад, ки ба онҳо сохтмон ва таҷдиди 65 пул бо дарозии 1,9 км, 5 нақб бо дарозии 11,1 км, 5 долони нақлиётӣ бо дарозии 6 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд.                                       

                                        ***

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мақоми интиқолдиҳандаи байналмилалии бехатарро  ба даст овард. Шаҳодатномаи бомуваффацият гузаштани аудити навбатии IOSA (аудити истифодаи бехатари Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ), ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ гирифта шудааст, то 20 марти соли 2026 амал мекунад. Дар ин бора маркази матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.

Имрӯз ҳавопаймоҳои мусофиркашонии ширкати «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон бомуваффақият парвоз мекунанд. Ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737800 ва Боинг 737900  истифода мекунад.  

                                         ***

Ширкати мошинсозии Куриёи Ҷанубӣ «KIA Motors» ният дорад, ки дар ояндаи наздик намояндагии худро дар Душанбе боз кунад. Дар ин бора хабаргузории миллии Тоҷикистон «Ховар» хабар медиҳад.

Созишномаи ҳамкориро Раиси шӯрои директорони ҶДММ «Лесинвест» Шарифбек Давлатов ва намояндаи расмии ширкати Куриёи Ҷанубӣ «КИА Motors» Чжу Ким имзо карданд.  Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо инчунин фароҳам овардани шароит барои густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд.

                                           ***

Ҳайати Тоҷикистон бо сарварии муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода дар ҷаласаи Кумитаи муштараки долонҳои байналмилалии нақлиётии Тоҷикистону Эрон ширкат варзид. Мавзӯи асосии ҷаласа истифодаи Бандари баҳрии ыанубу шарқии Эрон «Чобаҳор» ва ҳамкории транзитӣ байни давлатҳо аз ҷониби Тоҷикистон буд.

                                        ***

22 апрели соли 2024 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Котиби давлатӣ Оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияо Шимолӣ Лорд Дэвид Кэмерон дар Душанбе Созишномаи байниҳукуматии миёниТоҷикистон ва Британияи Кабирро дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо карданд, ки барои кушодани минбаъдаи парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Лондон замина мегузорад.                                        

                              ДАР МИНТАҚА

23 апрел дар шаҳри Тирмиз (Ҷумҳурии Узбекистон) вохӯрии вазирии кишварҳои иштирокчии  долони нақлиетии мультимодалии «Беларус-Русия – Қазоқистон – Узбекистон – Афғонистон – Покистон (БРҚУАП)» баргузор шуд.

Протоколи ҷаласаи аввали гурӯҳи муштарак оид ба масъалаҳои татбиқи муқаррароти Меморандум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ дар бораи таъсис ва рушди  долони байналмилалии нақлиётии БРКУАП ба имзо расид ва инчунин «Харитаи роҳ» оид ба рушди якҷояи  долони нақлиётии зикршуда қабул карда шуд.

                                        ***

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев супориш додааст, ки «Узбекистон темир йуллари" (УТЙ) - ро ба ширкати холдингӣ табдил диҳад. Spot қаблан дар ин бора навишта буд.

10 октябри соли 2023 Сарвари давлат қарори ислоҳоти соҳаи роҳи оҳани Узбекистонро имзо кард. Ҳуҷҷат муайян мекунад, ки дар соли 2024 нақшаи тақсимоти вазоифи УТЙ байни ҷамъиятҳои алоҳидаи фаръии саҳҳомӣ амалӣ карда шавад.

Дар ҳайати корхонаи давлатӣ шаш ширкат «Темирйулкарго», «Темирйулэкспресс», «Темирйулинфратузилма» ва ғайра таъсис дода мешаванд. Инчунин сохтори алоҳида барои нигоҳ доштани  иншооти тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоии холдинг таъсис дода мешавад.

Худи УТЙ муассиси саҳмдор ва соҳиби ҳамаи ташкилотҳои таъсисдодашуда хоҳад буд.

Дар қарор  зикр шудааст, ки ислоҳот ба фароҳам овардани муҳити солими рақобат, ҷалби сармоягузории хусусӣ ба соҳаи роҳи оҳан, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва беҳтар намудани сифат, бехатарӣ ва эътимоднокии хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

АЗ 1 январи соли 2026 УТЙ ва корхонаҳои вай метавонанд молҳоро дар асоси шартномаҳои мустақими мутақобила фурӯшанд, ба иҷора диҳанд, харидорӣ ва таҳвил кунанд ва корҳо (хидматҳо) - ро ба иҷро расонанд.

 Илова бар ин, ширкати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати иқтисод ва Вазорати нақлиёт метавонад коршиносони байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои махсусро ба ислоҳоти соҳаи роҳи оҳан тибқи шартномаҳои мустақим бе экспертизаи ҳатмӣ ҷалб кунад.

 Аз соли 2027 боҷи воридоти  борбардорандаҳо, аз ҷумла  бо муҳаррики барқӣ, гидравликӣ ва ғайра  бекор карда мешавад.

                                          ***

 Дар Узбекистон сохтмони  роҳҳои автомобилгарди  пулакӣ пешбинӣ шудааст. Ин аз қарори дахлдори Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба тадбирҳои такмили минбаъдаи соҳаи хоҷагии роҳ бармеояд, менависад upl.uz.

Тибқи ин санад, дар Узбекистон соли 2025 бунёди роҳҳои пулакӣ дар самтҳои «Тошканд – Андиҷон», «Тошканд – Самарқанд» ва нақби пулакӣ дар гузаргоҳи «Тахтакарача» ба нақша гирифта шудааст.

                                          ***

Байни Қирғизистон ва Бонки сармоягузории Аврупо барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёти Қирғизистон ба маблағи умумии 150 миллион евро Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Маросими имзои ёддошт моҳи январи соли 2024 дар Брюссел, дар доираи Форуми аввали сармоягузорони "Global Gateway" оид ба робитаҳои устувори нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.           

                                          ***

Дар Қазоқистон қимати интиқоли борҳои транзитӣ тавассути роҳи оҳан гарон мешавад. Коэффитсиенти ҳадди аксари баланд бардоштани баъзе молҳо 3,0 хоҳад буд.  Нархҳои  нав то 31 декабри соли равон эътибор хоҳанд дошт. Онҳо ба ҳамлу нақли бор аз Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Русия дахл доранд.

 Ин навоварӣ танҳо ба борҳои муайян таъсир мерасонад. Масалан, ба нафт ва маҳсулоти нафтӣ, металлҳои ранга, пораҳои металлҳои ранга ва сиёҳ, ашёи хоми тамоку ва махорка, спирт, пиво ва сойири нӯшокиҳои спиртӣ, гази моеъ, ангиштсанг, ғалладонагиҳо, маъдани оҳан, чӯбу тахта ва ғайра.

                                 ДАР ҶАҲОН

Чин роботҳои (дасгоҳҳои маснӯии) шабеҳ ба одамро ба саноати автомобилсозӣ ворид месозад. Дар ҷараёни конфронси Шанхай оид ба роботҳои ба инсон монанд /CHREC2024/ Ва Пэн, муҳандиси пешбари роботҳои антропоморфии ширкати автомобилсозии Чин NIO ду гузинаи истифодаи роботҳои ба инсон монандро дар ширкати худ нишон дод, хабар дод рӯзномаи «Жэнминь жибао» 7 апрели соли равон.

 Барои иҷрои амалиёти бисёрҷониба дастҳои роботии антропоморфӣ истифода мешаванд, ки аз ҷониби шабакаи 5G ва алгоритмҳои биниши компютерӣ назорат карда мешаванд. Ғайр аз ин, роботҳои ба инсон монанд барои назорати сифати қулфҳои дар, камарбанди бехатарӣ, чароғҳо ва логотипҳои автомобилӣ истифода мешаванд.

                                            ***

6 апрели соли 2024 дар Боғи миллии обӣ ва ботлоқи Цинху дар шаҳри Тайчжоу / музофоти Цзянсу, Чин/ Фестивали қаиқҳои Цинтун ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэнминь жибао».

 Зиёда аз даҳ ҳазор заврақчиён дар кӯли Цинху (ДАР АКС) ҷамъ омаданд, то дар чорабиниҳои фароғатӣ иштирок кунанд ва урфу одатҳои мардумиро, ки таърихи онҳо садҳо солро дарбар мегирад, ба ёд оранд.

Фестивали қаиқҳои Цинтун аз замони замони сулолаи Суни ҷанубӣ /1127-1279 гг./ гузаронида мешавад. Соли 2008 фестивали Цинтун ба рӯйхати аввалини иншооти мероси фарҳангии ғайримоддии сатҳи миллӣ дохил карда шуд.

                                           ***

23-25 апрели соли 2024 дар Астрахан (Русия) Форуми III байналмилалии логистикаи нақлиётии минтақаи Хазар -2024 аз ҷониби ширкатҳои «ВИВА КОНСАЛТ», Ассотсиатсияи «Афанасий Никитин» баргузор ва ба масъалаҳои мубрами боркашонӣ дар долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷаниуб» ва хатсайрҳои ҳаммарз бахшида шуд.

                                         ***

22 апрел дар Русия 50-солагии оғози сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) ҷашн гирифта шуд.

Сохтмони фарогири БАМ моҳи апрели соли 1974 оғоз ёфта буд, ки дар он зиёда аз ду миллион нафар аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок карданд. Дарозии умумии роҳ 4300 километр аст, он се минтақаи замонӣ ва шаш минтақаи чуғрофии Русия - вилоёти Иркутск, Чита ва Амур, инчунин Бурятия, Якутия ва кишвари Хабаровскро убур мекунад.

                                         ***

Маблағгузории лоиҳаи нави миллӣ оид ба рушди инфрасохтори нақлиётии Русия  тахминан 10 триллион рубл то соли 2030 арзёбӣ карда мешавад, ки 60% - и онро лоиҳаҳои роҳи оҳан  ташкил медиҳанд.

Тасдиқи лоиҳаи миллӣ дар семоҳаи сеюми соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, гуфт муовини Вазири нақлиёти ФР Валентин Иванов ба хабарнигорон.

                                        ***

Аз шаҳри Чунтсини Чин 1 апрели соли 2024 қатора бо нуриҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва  чархи мотосиклҳо ба роҳ баромад. Борро тавассути роҳи оҳан ба шаҳри Баошан (музофоти Юннан) ва сипас тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Мянма интиқол медиҳанд.

Ин хатсайр як қисми долони нави байналмилалии тиҷорати хушкию баҳрӣ гардид, ки аз соли 2017 амал мекунад ва вилоятҳои ғарбии Чин ва кишварҳои АСЕАН-ро бо ҳам мепайвандад.

Танҳо дар ду моҳи аввали соли равон аз шаҳри Чунтсин тавассути шабакаи логистикӣ 21 ҳазор контейнери дорои бистуяк фут интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 дарсад зиёд аст. Арзиши умумии борҳо аз 3,65 миллиард юан (тақрибан 530,5 миллион доллари ИМА) бештар буд.

АСЕАН кишварҳои Бруней-Доруссалом, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Мянма, Сингапур, Таиланд ва Филиппинро дарбар мегирад.                                         

                                        ***

Дар соли 2023 арзиши ҳамлу нақли мошинҳои боркаши аврупоӣ аз рӯи нархҳои воқеӣ 0,4% ва аз рӯи нархҳои номиналӣ 4,1% коҳиш ёфтаст, хабар медиҳад Trans.info.

 Тибқи пешгӯии Transport Intelligence, дар соли 2024 бозори аврупоии нақлиёти автомобилӣ дар ифодаи воқеӣ 1,7% афзоиш меёбад. Интизор меравад, ки трафики дохилӣ дар кишварҳои Аврупо каме беш аз 1,1% афзоиш ефта, ба 313,5 миллиард евро мерасад.

Интиқоли байналмилалӣ бояд босуръат рушд кунад, дар ин самт афзоиш 2,9%, то 142,6 миллиард евро интизор меравад.

Таҳлилгарони Transport Intelligence интизоранд, ки суръати миёнаи солонаи афзоиш дар байни солҳои 2023 ва 2027 ҳудуди 1,7% - ро ташкил медиҳад ва дар охири давраи панҷсола арзиши бозори нақлиёти Аврупо ба 490,85 миллиард евро мерасад.