Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ЭҲТИЁТ КУНЕД! Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бинобар обу ҳавои номусоид аз ронандагон чунин дархост кард

Санаи нашр: 25-04-2024 Просмотрено: 895

Аз 26 то 28 апрели соли 2024 дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор ва боронӣ, дар баъзе манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ борони шадид шуда, сел меояд, дар баландии 2500 метр эҳтимол меравад борон ба барф гузарад.  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раъду барқ ва жоларо низ, ба истиснои қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пешгӯӣ мекунад.

Дар рӯзҳое, ки зикрашон рафт, дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хавфи омадани сел, инчунин баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз доманакӯҳҳои ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд,боқӣ мемонад. 

  Боришоти фаровон дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ метавонад мӯҷиби фарсоиши хок ва ҳаракати он гардад, ки ин, дар навбати худ, ба баландшавии сатҳи об дар дарёҳо ва обанборҳо, инчунин кандашавии соҳили дарёҳо сабаб мешавад. Дар натиҷаи боришот хавфи омадани сел, фуромадани тарма  ва сангу сангпораҳо  ба вуҷуд меояд.

 Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои кишвар супориш додааст, ки омодагии пурраи техникаи дар ихтиёрашон бударо барои зуд бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии боришот таъмин намоянд.

 Ҳамзамон Вазорат ба ронандагон чунин муроҷиат мекунад:

Ҳангоми боришот сатҳи биниш ва намоёнӣ коҳиш меёбад ва роҳи тар диққати махсусро талаб менамояд.  Бинобар ин аз ронандагон даъват мекунем, ки аз эҳтиёт кор гиранд, маҳдудияти суръат ва масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя намоянд, дар ҷойҳое, ки пиёдагардон бештар ҷамъ мешаванд - бозорҳо, гузаргоҳҳо ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ хеле бодиққат бошанд, талаботи аломатҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида нагиранд. Илова бар ин, то ҳадди имкон дар ин рӯзҳо сафарро ба минтақаҳои кӯҳӣ тавассути нақлиёти шахсӣ кам кунанд.