Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«МАСЪАЛАҲОИ ҲАМБАСТАГИИНАҚЛИЁТИИ ДУ КИШВАР ҶОЙГОҲИ ХОС ДОШТАНД». Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Санаи нашр: 19-04-2024 Просмотрено: 2909

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.   

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Узбекистон майдони фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон идона ороста шуд. Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони мамлакат бо гулу парчамҳои ду давлати дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари музокироти ду ҷумҳурӣ буд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду мамлакат ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Узбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.  Зикр карда шуд,, ки Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.

 Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро имзо карданд.

 Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда доир гардид. Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳиму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.

Дар изҳороти маитбуотии худ оид ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳкурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд:

«Дар  мулоқоту гуфтушунидҳо масъалаҳои ҳамбастагии нақлиётии ду кишвар ҷойгоҳи хос доштанд. Боиси хушҳолист, ки ба туфайли саъю талошҳои муштарак айни ҳол миёни ду кишвар интиқоли озоди нақлиётиву транзитии молу маҳсулот ва рафтуомади шаҳрвандон таъмин гардида, дар ин самт ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба Ҳукуматҳои ҳарду кишвар супориш дода шудааст, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду мамлакат ва зиёд кардани шумораи парвозҳоро миёни пойтахтҳо дида бароянд.

                                            Манбаъ: www.President.tj