Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории транзитӣ ва тиҷоратӣ имзо карданд

Санаи нашр: 01-04-2024 Просмотрено: 1850

Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории транзитӣ ва тиҷоратӣ имзо карданд. Санади мазбур дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии National Logistics Corporation (NLC) - ширкати пешбари логистикии мултимодалии Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Шаҳзод Рао ба имзо расид.

Мулоқот 1 апрели соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид ва ба муҳокимаи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар доираи Созишнома «Дар бораи савдои транзитӣ», ки 14 декабри соли 2022 байни ҳукуматҳои ду кишвар дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ба имзо расида буд, бахшида шуд.

Тибқи Ёдошти тафоҳум густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистика, тиҷорати транзитӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ сабукгардонии интиқоли бор, баргузор намудани мулоқоту гуфтушунидҳо, конфронсу намоишгоҳҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак, табодули таҷриба, ташкили намояндагии тарафҳо дар давлатҳои якдигар, бунёди   инфрасохтори логистикӣ ва хизматрасониҳои сарироҳӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

 Ёддошти ҳусни тафоҳумро дар ҳузури Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон  Муҳаммад Саид Сарвар Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода ва Директори генералии Ширкати миллии логистикии ("National Logistics Corporation", NLC) Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Шаҳзод Рао имзо карданд.

Ёдовар мешавем, ки NLC ширкати пешбари логистикии мултимодалӣ дар Покистон аст. Он хизматрасониҳоро вобаста ба интиқоли бор дар дохили кишвар ва минтақаҳо бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ ва ҳавоӣ пешниҳод мекунад. NLC дорои системаи идоракунии парки нақлиётии худ мебошад, ки барои коркарди борҳо, инчунин шабакаи анборҳо ва бандарҳои хушк дар марказҳои бузурги савдо ва шаҳрҳои бандарии Покистон истифода мешавад.