Имрӯз, 1 апрел, бори аввал аз Покистон корвони мошинҳои боркаш ба Тоҷикистон расид. Дар терминали ҶСК «Тоҷиквнештранс» дар Душанбе ҳайати меҳмононро ба шумули Директори генералии Ширкати миллии логистикии (National Logistics Cell, NLC) Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Шаҳзод Рао, Сафири Фавқулдда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар ва дигарон ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазир Азим Иброҳим истиқбол гирифт.
Зимни пазироии меҳмонон, Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки вуруди нахустин корвони бор аз Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯйдоди таърихӣ ва натиҷаи Созишнома «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» мебошад, ки 14 декабри соли 2022 миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ба имзо расидааст. Ин рӯйдод дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар боркашонии байналмилалӣ саҳифаи нав боз мекунад.
Ӯ афзуд, ки Созишномаи мазкур ба рушди тиҷорат, аз ҷумла тавассути транзит аз ҳудуди кишварҳои аҳдкунанда, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоту содирот байни Тоҷикистону Покистон равона шудааст.
«Бо назардошти он, ки афзоиши ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитии кишвар, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, татбиқи амалии Созишномаи мазкур барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат хоҳад кард», - зикр кард ӯ.
Ҳамчунин Вазири нақлиё тазаккур дод, ки иқдоми мазкур имкониятҳои иловагиро барои баромадан ба бандарҳои баҳрии Карочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистон таъмин намуда, бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чину Покистон, ки имкониятҳои хуб барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли борро байни ду кишвар фароҳам хоҳад овард, мусоидат менамояд.
Созишномаи мазкур ба рушди тиҷорат, аз ҷумла тавассути транзит аз ҳудуди кишварҳои аҳдкунанда, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоту содирот байни Тоҷикистону Покистон равона шудааст.
Бо назардошти он, ки имрӯзҳо масъалаи зиёд намудани ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва истифодабарии пурраи иқтидори транзитии кишвар, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, татбиқи амалии Созишномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи кишвар дар ин самт мусоидат хоҳад намуд, ки имрӯз мо ҳозирин шоҳиди он гаштем.
Хотиррасон мешавем, ки масофаи хатсайри автомобилӣ байни Душанбе -Исломобод 1044 километрро ташкил намуда, долони мусоид барои барамодан ба бандарҳои баҳрӣ маҳсуб меёбад.