Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Наврӯз дар Вазорати нақлиёт

Санаи нашр: 20-03-2024 Просмотрено: 2322

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди  байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил гардид. Дар ҷамъомади идона роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.

Сараввал   иштирокчиен ба намоишгоҳи ҷашнӣ, ки дар бинои вазорат ташкил карда, бо дастархони идона иборат суманак, хафтсин ва хафтшин, ки инъикосгари фарҳанги қадимаи мардуми меҳмоннавози тоҷик ва рамзҳои ҷашни Наврӯз мебошанд,  дидан карданд.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирокчиёни ҷамъомадро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт ва барояшон осмони софу беғубор, саломатию хуррамӣ, табъи болида ва саодату комгорӣ орзу намуд.  

 Пас аз он Бобои деҳқон ва Маликаи Наврӯз ҳозиринро шодбош гуфтанд.

 Кормандони соҳа оид ба вазнбардорӣ, бандкушоӣ, шоҳмот ва байтбарак қуввасанҷӣ ва ҳунарнамоӣ карданд.

Ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири нақлиёт, мусобиқаи шашкаю шоҳмот барои Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, қаблан баргузор шуда, дар он дастаи Вазорати нақлиёт соҳиби ҷои аввал гардида буд, ҷоизаю мукофотҳо супорида шуданд.

Дар охир ҳунармандони ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири ширкаткунандагонро бо суруду оҳанг ва рақсҳои наврӯзӣ шод намуданд.