Рӯзҳои 29-30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони мақомотҳои соҳаи нақлиёти кишварҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Роҳ ба сӯи Тяншон” ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳошияи Конфронс масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ, инчунин баргузор намудани мулоқотҳо бо масъулини кишварҳои хориҷи дуру наздик, мушкилот вобаста ба таҳвили таҷҳизот ва бору коло тавассути хатсайрҳои амалкунанда ва нав баррасӣ ва муҳокима хоҳад гашт.