Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи Гуруҳи ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба масъалаҳои нақлиёти рақамӣ ва логистика баргузор шуд

Санаи нашр: 15-03-2024 Просмотрено: 1764

   Дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои нақлиёти рақамӣ  ва логистика баргузор гардид. Дар он муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода, директори КВД «Маркази рақамикунони соҳаи нақлиёт» Суҳроб Ёқубзода,  намояндагони  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии омор, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, кормандони маҷмааи нақлиёт ва хамчунин мушовирони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода зимни оғози ҷаласа   зикр намуд, ки бо мақсади таҳлил ва наитиҷагирии ҳолати воқеӣ оид ба гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва ҷорӣ намудани системаи зеҳнии нақлиётӣ дар иртибот ба банди 88 «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 тасдиқ шудааст, бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои нақлиёти рақамӣ ва логистика таъсис дода шуд.

  «Гуруҳи кории байниидоравӣ дорои мақоми ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва муоинавӣ оид ба масъалаҳои нақлиёти рақамӣ ва логистика дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳои ба зимма дошта қарорҳо қабул мекунад», - изҳор намуд ӯ.

 Гуфта шуд, ки маъмулан қарорҳои қабулшудаи инноватсионӣ ба самараи иқтисодӣ рабт дошта, ҳар як субъекти хоҷагидорӣ аз ҷорӣ намудани навоварӣ коҳиш додани хароҷот, самаранокӣ ва осонии идоракунӣ, инчунин фоидаи иловагиро интизор аст.

Аз ин рӯ, самараи асосӣ дар марҳилаҳои аввал аз ҳисоби гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва, сипас, ҷорӣ намудани низоми зеҳнии нақлиётӣ  ба даст оварда мешавад.

  Низоми мазкур имконият медиҳад, ки ҳаҷми боркашонии автомобилӣ аз ҳисоби таъмини инфрасохтори сифатнок ва бехатари роҳ байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои алоқаи байналмилалӣ зиёд гардад. Низоми зеҳнии нақлиётӣ функсияҳои назорати видеоӣ, шиносномакунии рақамии роҳҳои автомобилгард, идоракунии ҳаракати роҳ, огоҳсозии ронандагон оид ба шароити обу ҳаво, пардохти электронии хизматрасонии нақлиётӣ ва ғайраро муттаҳид менамояд.

 «Баъзе аз низомҳо аллакай мавриди амал қарор дошта, барои баланд бардоштани самаранокӣ ба такмил ва ҳамгироӣ ниёз доранд», - гуфт Раҳим Бобозода.

Сипас Директори КВД «Маркази рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёт» Суҳроб Ёқубзода дар мавзўи мазкур  ба тариқи  рӯнамо ба ҳозирин маълумоти пурра пешкаш намуд.

Ҳамчунин намояндагони дигар мақмоти давлатӣ низ фикру  мулоҳизаҳояшонро баён доштанд ва ба суолҳои ҳамдигар  посух доданд.