Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Сафири Словакия мулоқот кард

Санаи нашр: 15-03-2024 Просмотрено: 1822

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 15 март, мулоқоти Вазир Азим Иброҳим бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд) Виктор Боретский баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот оид ба самарабахшии корҳои анҷомдодашуда бо мақсади ба роҳ мондан ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, дар доираи муколамаи Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо, бахусус Созишнома дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз-Осиё) табодули афкор сурат гирифт.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар тибқи Ёддошти моҳи январи соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Словакия ба имзорасида  изҳори ҳавасмандӣ намуд.  Ҳадаф аз имзои ҳуҷҷати мазбур  ҷудо кардани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати насби тарозуҳои автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон буд.

  «Насби тарозуҳо оид ба танзими меъёрҳо ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ба ҳифзи инфрасохтори сохташуда аз осеб мусоидат мекунад», - зикр намуд Вазири нақлиёти ҶТ. Ба гуфтаи вай, ин раванд дар маҷмӯъ ба дарозумрии инфрасохтори сохташуда ва коҳиши ҷалби маблағ барои нигоҳдории ҷории иншооти роҳ  боис хощад гардид.

 Сафири Словакия Виктор Боретский низ омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ кард ва ваъда дод, ки иҷрои нуктаҳоли Ёддошти ҳусни тафоҳумро дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Бонки содирот ва воридоти Словакия ва ширкати «Betamont», ки таҷрибаи  хуб ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, хусусан дар соҳаи насби  тарозуҳо барои чен кардани вазни воситаҳои нақлиёти боркаш ва рақамисозии соҳаи роҳу нақлиёт дорад,  зери назорат хоҳад гирифт.

 Дар вохӯрӣ инчунин сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Нурулло Рӯзӣ, сардори Раёсати нақлиёти заминӣ Сайфулло Кодирзода ва Директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ёқубзода иштирок намуданд.