Хабарҳо

slider_img

ТАМАННИЁТИ НАВРӮЗИИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 19-03-2024 Просмотрено: 2050

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаро бо ҷашни байналмилалии Нарӯз табрик намуд.

Ҳамкасбони арҷманд, кормандони муҳтарами  маҷмаи роҳу нақлиёт!

Мову шумо дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз - Соли нави мардуми ориёӣ қарор дорем. Фарорасии ин ҷашни гулбасарро, ки якҷо бо фасли баҳори сабзпӯш, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини моро боз ҳам зебову дилрабо гардонидааст, ба ҳамаи шумо ва дар шахси шумо ба аҳли хонадонатон ва кули мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз табрик мегӯям.

 Барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кӯшишу эҳтимом ва ҷаҳду талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ғановату рангорангии худ аз нав эҳё гардид ва бо маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид,  мақоми чаҳонӣ касб кард, имрӯз  ба ҷашни милливу давлатии мо- тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки минбаъд барои ривоҷу такомули бештари маросимҳои ин ҷашнии суннатиамон ва тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари он дар арсаи байналмилалӣ саъй намоем.

Пас аз он, ки Наврӯз ҷаҳонӣ гашт, Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи худ оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таъкид сохт, ки  давлатҳои аъзои ин созмон бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, «ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст».

Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла,   дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ», «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём ривоят шудааст, ки Ҷамшед маҳз дар ҳамин айём дастур дод то барои ӯ дар саҳрои сарсабзу шукуфон тахте бигузоранд ва худаш бо тоқи заррин, яъне сақфи қуббашакли камондор  бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоқи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Ривояту ҳикоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёданд ва башорат аз он медиҳанд, ки ин ҷашни бостонӣ, ки аз ниёгонамон ба мо меърос мондааст, на танҳо таърихи бой, балки маънӣ ва манзалати басо бузург дорад ва мо бояд онро пос дошта, ба наслњои оянда мерос гузорем.

Чун анаъана ҳамасола ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Бад-ин васила аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз огаҳӣ меёбем.

 Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рўзгори орому бехушунат ва талош варзидан ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

Хони ҳафт сину ҳафт шини наврӯзӣ ба ин суруру шодмонӣ ҷилои бештар бахшида, аз хайру баракат ва фаровониву хушбахтӣ башорат медиҳад.

Ин ҷашни зеборо ҳама, аз ҷумла ҳамкорону ҳамкасбони мо ҳар сол бесаброна интизор мешаванд ва онро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд.  

 Бигузор сол аз сол садои тантанаи Наврӯз дар саросари олам торафт баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба забон, қалб ва рӯзгори ҷаҳониён ворид шавад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва ифтихорманд гардонад.

 Бо чунин ният бори дигар ҳамаи шуморо бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, дар соли нави аҷдодӣ  бароятон рӯзгори тинҷу осуда,  саломатию сарсабзӣ, бахту иқболи нек ва файзу баракати фаровон орзу менамоям.

Наврӯзатон муборак, ҳамкорони азиз!   

Бо эҳтиром -

                                                                     

                                                                     Вазири нақлиёти

                                                                 Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                         Азим Иброҳим