Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Дар мулоқоти Вазири нақлиёти ҶТ бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонии Эрон масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» муҳокима гардид

Санаи нашр: 15-03-2024 Просмотрено: 2614

14 марти соли 2024 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо  роҳбарону мутахассисони як қатор ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба тармиму азнавсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол машғуланд, мулоқот доир кард.

 Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода, директори МД «Мудирияти корхонаҳои сохташаванда» Шуҷоат Строҷзода, сармуҳандиси ин идора Абдуманнон Холиқов ва сармуҳосиби он Сулаймон Орифов, аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон – узви ҳайати мудирон, директори кули гуруҳи «Фароб» Муҳаммад Ҳайдарӣ,  раиси ҳайати мудирони гуруҳи «Фароб» Саидмустафо Ҳошимӣ, директори кули ширкати баҳрабардорӣ ва нигоҳдории «Фароб», муовини раиси ҳайати мудирони ширкати «Сангоб» Хусрав Ҳимматпур, мудири лоиҳаи нақби «Истиқлол» Эҳмон Оҳаниён, намояндаи ширкати «Фароб» дар ҶТ  Саид Аскарӣ, мудири коргоҳи нақби «Истиқлол» Милод Шамспирзода иштирок намуданд.

Ҳадаф аз мулоқот гузаронидани мушоҳидаҳои техникӣ, таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохтмон ва татбиқи шартномаи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол». Ин шартнома моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шудааст.    

Дар доираи навсозӣ, аз ҷумла, насби системаи ҳовокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор амалӣ мегардад.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба мавзӯи ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму навсозӣ ба мувофиқа расиданд.

Қарор дода шуд, ки Гуруҳи корӣ фаъолияти худро дар ин бобат вусъат мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки нақби «Истиқлол» дар 80-километрии шимоли Душанбе, дар роҳ ба сӯи Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии туннел 5,2 километрро ташкил медиҳад. Нақб минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии                                                                                                                                                                      Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад. Сохтмони он  моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Собир» оғоз шуда буд.