Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«РОҲҲОИ СЕМЕНТБЕТОН МЕТАВОНАНД НИМ АСР ХИЗМАТ КУНАНД!». Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо профессори МАДИ, президенти Ассотсиатсияи роҳҳои бетонии Русия Виктор Ушаков мулоқот кард

Санаи нашр: 14-03-2024 Просмотрено: 2167

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 13 март бо Президенти Ассотсиатсияи роҳҳои бетонии Русия, доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи сохтмон ва истифодаи роҳҳои Донишгоҳи давлатии техникии  роҳу нақлиёти  Москва (МАДИ) Виктор Ушаков  мулоқот кард.

Дар мулоқот Директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ (ПЛИН)» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиҷон Махсум низ ширкат намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами баҳодиҳии самаранокии иқтисодии истифодаи маводҳои пӯшиш барои категорияҳои гуногуни роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

 Тавре Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зикр намуд, дар Тоҷикистон шумораи воситаҳои нақлиёт торафт бештапр мешавад, суръат ва иқтидори борбардории мошинҳо меафзояд, аз ин рӯ фишор ба роҳҳо пайваста афзун мегардад. Дар робита ба ин, соҳаи роҳу нақлиёти кишвари мо вазифадор аст, ки технологияҳои самараноки сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингардро ҷустуҷӯ ва татбиқ намояд.

 «Ба андешаи ман, барои ҳалли мушкилот афзоиши назарраси ҳиссаи роҳҳои бо сементбетон пӯшонидашуда зарур аст, — иброз дошт Виктор Васильевич. — Ҳамаи сифатҳои заруриро, ки метавонанд хусусиятҳои истифодаи роҳро  ба таври назаррас баланд бардоранд, сементбетон дорад. Он на танҳо устувор ва ба ҳама гуна таъсироти беруна тобовар аст. Бо  мурури вақт сементбетон устувории бештар пайдо мекунад, дар ҳоле ки асфалтбетон, баръакс, онро ҳангоми оксидшавии битум  аз даст медиҳад».   

 Бо истифода аз таҷрибаи ғании худ дар соҳаи истифодаи пӯшиши роҳҳои сементбетонӣ барои категорияҳои гуногуни роҳҳои автомобилӣ дар кишварҳои  гуногуни ИДМ, Виктор Ушаков дар бораи ҷорӣ кардани технологияҳои гузоштани сементбетон дар роҳҳои мамолики Аврупо ва Осиё, бартариҳои пӯшиши сементбетонӣ,  коҳиши фишор ба роҳҳои автомобилӣ, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ҳангоми истифодаи пӯшиши сементбетон, муқоисаи пӯшиши асафлтобетон бо сементбетон, муқоиса дар нарх, таъсири экологии ин намуди пӯшиш ва ғайра  ибрози назар кард.

 Ба гуфтаи профессор Ушаков, роҳҳои сементбетонӣ аз роҳҳои асфалтбетонӣ 5-6 маротиба устувортаранд ва мӯҳлати истифодаи онҳо метавонад то ба 50 сол расад.

  Дар мавриди таъмири роҳҳои сементбетонӣ Виктор Ушаков боварии комил дорад, ки кори роҳсозон оид ба татбиқи иншооти инфрасохтори нақлиётӣ бо истифодаи сементбетон бояд бо амали мошинсозон оид ба таҳия ва ба истеҳсоли сериявии мошинҳои муосири баландсифат барои сохтмон ва таъмири роҳҳои сементбетонӣ тақвият дода шавад.

 Мавриди зикр аст, ки Ассосиатсияи роҳҳои бетонии ФР соли 2018 барои рушд ва пешбурди технологияи пӯшиши сементбетони роҳ дар Русия таъсис дода шудааст. Ассосиатсия барои пайванд сохтани фаъолияти байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва илмӣ-таълимӣ, лоиҳакашон, фармоишгарон ва намояндагони саноати сохтмон  ҷиҳати таҳияи меъёрҳои техникӣ, омӯзиш ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва муосир бо истифодаи сементбетон  таъсис дода шудааст, ки ҳамаи ин ба рушди самараноки сохтмони роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти инфрасохторӣ бо пӯшиши сементбетонӣ дар Русия мусоидат мекунад.