Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Литва дар соҳаи нақлиёт имрӯз дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар ҶТ (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона, Қазоқистон) Эгидиус Невикас баррасӣ гардид.
Сараввал Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим Эгидиус Невикасро, ки моҳи сентябри соли 2023 Сафири ҶЛ дар ҶТ таъин шуда буд, бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар кишвари мо табрик гуфта, ба ӯ дар ин роҳ муваффақият орзу намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Литва, аз ҷумла дар бахши транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Едовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва 13 августи соли 1992 барқарор карда шудаанд.
Литва яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Аврупо ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Литва танҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 18759,4 ҳазор доллари ИМА (содирот 88,3 ҳазор доллар, воридот -18671,1 ҳазор доллар) ташкил дод.
Асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба дар марҳилаи ташаккулебӣ қарор дорад ва имрӯз аз 5 ҳуҷҷат иборат аст.