Имрӯз дар Вазорати нақлиёт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат, инчунин собиқадорони соҳа баргузор карда шуд.
Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз намуд. Ӯ зикр намуд, ки ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.
Гуфта шуд, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид ва дар даврони истиқлолият беш аз 20 ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ қабул кард, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Вазири нақлиёт саҳми арзандаи занону бонувонро дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақдлиёт арзанда арзёбӣ намуда, аз чунин суханони Пешвои миллат ёдовар шуд:
«Модар инсон меофарад, ҳаёт ба вуҷуд меорад, сарчашмаи асосии зиндагист ва тавре, ки бузургон фармудаанд,ӯ бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад».
Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт Нисо Бобоева низ ҳозиринро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфт.
Командони соҳа Забарҷад Асхӯҷаева ва Сураё Алиева дар васфи Модар шеърҳо қироат карданд, Ганҷинаи Эмомалӣ суруд хонд.
Сипас ба як қатор занону бонувони пешқадам, аз ҷумла ба ғолибони озмуне, ки як рӯз қабл миёни бонувони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеии вазорат бахшида ба Рӯзи Модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид, Ифтихорнома ва мукофотҳо супорида шуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад роҳбарияти вазорат бори дигар занону бонувони вазорат ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба фаро расидани иди фархундаи Рӯзи модар – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ самимона мубаракбод гуфтанд.