6 март дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни занону бонувони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат озмун баргузор гардид.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорат, истеъдод, қобилияти эҷодӣ, дарёфти чаҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ доир карда шуд.
Озмун аз чор шарт иборат буд: 1.Саломномаи даста. 2. Қироати шеър дар васфи Модар, Ватан, баҳор ва Наврӯз. 3. Пешниҳоди як намуди ҳунар (сурудхонӣ, рақс, навозандагӣ ва ғайра). 3.Саволнома.
Саволҳо ба иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи телевизион ваа радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода дода шуданд. Ба ҳайати ҳакамон инчунин сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муҳаббат Умарова, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Марям Холиқзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён, устоди факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов ва корманди Радиои Тоҷикистон Ширин Иноятова низ шомил буданд.
Пас аз ҷамъбасти озмун ду ҷои аввал насиби дастаи «Хуҷаста»-и дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва дастаи «Беназир»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гардид. Ду ҷои дуюмро дастаи «Маърифат»-и муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» ва дастаи «Бунафша»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо ҳам диданд. Ду ҷои сеюмро дастаи «Навбаҳор»-и Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва дастаи муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе-Чаноқ» соҳиб шуданд.