Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАВАҶҶУҲ, ОЗМУН! Ба маълумоти идораҳои хоҷагӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард

Санаи нашр: 07-03-2024 Просмотрено: 1870

Тибқи фармоишҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақамҳои 05,06, 07 аз 10 январи соли 2024 миёни муассисаҳои давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳо (ИХРА)» -и минтақаҳо ва вилоятҳо ва муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА)»-и  шаҳру ноҳияҳо озмунҳои «Беҳтарин  муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард», «Тозатарин шафати роҳи автомобилгард» ва «Беҳтарин ҳамкорӣ миёни муассисаи  давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ» (МИҲД)  эълон карда шуданд.

Озмуни «Беҳтарин муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» тибқи талаботи зерин гузаронида мешавад:

- таҳлили садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои дар тавозунбуда, сабабҳои  сар задани онҳо;

- корҳоб оид ба таъмири асосӣ (мӯҳлат ва сифати иҷро);

-вазъи ҳамкорӣ бо МИҲД дар самти фаъолият;

- вазъи ҳамкорӣ бо соҳибкорон;

- ҳолати суратҳисоби махсус (маблағҳои воридотӣ, хароҷоти самаранок, пардохтҳои ҳатмӣ);

- сатҳ ва сифати мутахассисон (ҷойгиркунии кадрҳо);

- намуди берунии бино ва ҳуҷраҳои кории муассиса, дараҷаи таъминот бо таҷҳизоти корӣ;  

-дараҷаи таъмини шароит барои кормандон (аз ҷумла, таъмини либоси махсус, хӯроки гарм, ҷои истироҳат);

- омодасозии техникаи роҳ (миқдор, ҳолати техникӣ, сатҳи нигоҳдорӣ ва насби лавҳаҳо);

- сатҳи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон (захираи маводи зиддилағзиш, ҳезум, ангишт, сӯзишвории нақлиётӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ).

 

       Озмуни «Тозатарин шафати роҳи автомобилгард» аз рӯи талаботи зерин   натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда мешавад:

       -тоза намудани ду шафати роҳи автомобилгард аз ашёҳои пластикӣ ва дигар партовҳо;

       -тоза намудани ҷӯйборҳои обпарто ва алафҳои бегона дар ду канори роҳи автомолбилгард;

       -ташкили ҳашару шанбегиҳо моҳе ду маротиба;

       -шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ дар канори роҳҳо;

       -сафедкунии танаи дарахтони ду канори роҳ;

       -гузаронидани вохӯриҳо ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони маҳалҳо (пешниҳоди протокол ва аксҳо);

       -тахту ҳамвор намудани ду канори роҳи автомобилгард.

 

       Озмуни «Беҳтарин ҳамкорӣ миёни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» аз рӯи талаботи зерин натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда мешавад:

       -ҷудокунии маблағҳо аз ҷониби МИҲД;

       -ҳама гуна кумакҳои амалии МИҲД ба МДНРА барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо;

       -дастгирии  бевоситаи МИҲД оид ба фаъолияти рӯзмарра (сохтмону таъмири роҳҳо ва иншооти онҳо, иштирок дар озмунҳо);

       -истифодаи самараноки техникаву таҷҳизоти роҳдорӣ барои корҳо дар асоси шартнома ва маблағҳо ба суратҳисоб;

       -манъи истифодаи ғайримақсадноки техникаи роҳдорӣ;

       -манъи ҷалби кормандони муассиса ба корҳои беруназоинномавӣ.

 

       Натиҷаи санҷишу таҳлили фаъолияти муассисаҳо аз  рӯи шартҳои озмунҳо дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» ва сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.

      Барои маълумоти  бештар ба Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ муроҷиат намоед.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 222 22 32, 222 22 41, 222 22 01.