Хабарҳо

slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар

Санаи нашр: 06-03-2024 Просмотрено: 1872

Ҳамкасбони муҳтарам, бонувони заҳматкаши соҳаи роҳу нақлиёт!

Боиси фараҳмандист, ки Рӯзи Модар дар қатори ҷашнҳои баҳорӣ, ки аз Сада шурӯъ гашта, бо Наврӯзи оламафрӯз ба охир мерасанд, ҳамасола таҷлил мегардад ва пайки бедории табиат, сабзиш ва рӯишро ба фард-фарди миллат мерасонад. Ба туфайли таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худшиносӣ, эҳёи анъана ва  суннатҳои қадимаи миллӣ баъд аз ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи фархундапай айёму идҳои дигари мо низ шаклҳои марғуб ва маъниҳои тоза  пайдо намуда, сол ба сол ба маросимҳои бунёдсозию ободонии Тоҷикистони азизамон табдил  меёбанд.

Ҳар яки мо ҳамчун фарзанди сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар Зан-Модар аз он ифтихор дорем, ки дар радифи ҷашнҳои бузургамон Рӯзи Модар яке аз идҳои муҳим ва ботантанаи мо мебошад. Чунин муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи Пешвои миллат дорад, ки дар яке аз суханрониҳояшон дар ҳузури бонувон фармудаанд: «Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, Модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем».

Дар умқи ин сатрҳо чи қадар меҳру муҳаббат, чи қадар садоқату эҳтиром ба занону бонувон ниҳон аст! Чунин суханони самимӣ аз забони Сарвари маърифатпарвари давлати мо қариб дар ҳар вохуриву суханрониҳо баён мегарданд ва бо ин ҳама моро ба он ҳидоят мекунанд, ки ба қадри ин олиҳаи зебоӣ ва офарандаи ҳаёт бирасем.

Оре, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш гирифта, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, боз дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, бо камоли садоқатмандӣ вайро мададгорӣ ва раҳнамоӣ мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир Зан-Модар соҳиби мақому мартабаи муқаддасу беназир гардидааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти ҳамин нуктаҳои муҳим масъалаи нигоҳ доштани манзалат ва мақоми занро як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувони болаёқат, дастгирии ташаббуси онҳо дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла роҳу нақлиёт ва ғамхорӣ нисбат ба оиларо аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи худ ба шумор меорад.

Ман ҳамчун роҳбари соҳа имрӯз бо дили пур гуфта метавонам, ки дар Вазорати нақлиёт дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар мавриди баланд бурдани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини духтарону ҷавонзанон бо кор ва ғамхорӣ ба бонувон пурра амалӣ гардидааст. Айни замон дар вазорат ва    идораю муассисаҳои тобеи он 37% нафар занону духтарон фаъолият намуда, 20 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. 7 нафар бонувон дар мансабҳои роҳбарикунандаи Вазорати наёлиёт кор карда, натиҷаҳои заҳматашон аз мардон камтар нест.

Дар остонаи Рӯзи Модар бо ифтихор ба ҳамаи шумо, бонувони соҳа барои дар қатори мардон собиқадамона ва ба хотири ободию пешрафти кишварамон заҳмат кашиданатон арзи сипос мекунам.

Дар ҳоле, ки дар бархе аз кишварҳо бонувон аз баъзе ҳуқуқу озодӣ маҳруманд, дунявию демократӣ будани сохти давлатдории мо барои занонамон имкон медиҳад, ки на танҳо сари фармони автомобил нишинанд, балки дар дигар соҳаҳои муҳимтарини роҳу нақлиёт қобилияти худро нишон диҳанд.

 Ба туфайли иштироки бонувон дар ҷараёни корҳо даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбанд, фазои зебо, меҳру шафқат ва тартибу интизом ҳукфармо мешавад, мардон нисбат ба кору вазифаи худ муносибати ҷиддитар нишон медиҳанд.

Дар ин рӯзи фархунда, Рузи Модар барои шумо, модарон ва хоҳарони   азиз, фазои орому осуда, сиҳатии бардавом, ободии хонадон, саодати фарзандон ва комгориҳо таманно менамоям.

Идатон ҳумоюн бод, бонувони арҷманди соҳаи роҳу нақлиёт!

 

                                                                     Азим ИБРОҲИМ,

                                          Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон