Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Мулоқоти Вазири нақлиёт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 16-02-2024 Просмотрено: 1068

Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл мулоқот кард.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо, аз ҷумла масоили танзим, ташкили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи логистика ба курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ ва  таъсиси марказҳои логистикиро мавриди муҳокима қарор доданд.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт ибрози андеша намуда, ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ пешниҳод гардид.

Дар мулоқот муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода, сардорип Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ Сайфулло Қодирзода ва сардори раёсмати муносибатҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти ҶТ Нурулло Рӯзиев низ ширкат намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Фаронса яке аз давлатҳоест, ки ҳанӯз соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд. Ҳамкориҳои  дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва  амният ба роҳ монда шудаанд.

 Миёни Тоҷикистону Фаронса то ҳол беш аз 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, илму техника, сайёҳӣ, нақлиёт, такмили инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа ва амният ва ғайра ташкил медиҳад. 16 марти соли 2022 «Харитаи роҳи рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса барои солҳои 2021-2026» тасдиц карда шуд.