Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири навтаъини Фавқулода в Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф мулоқот кард.
Азим Иброҳим сараввал Йорк Шуграфро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар ин ҷода муваффақият орзу намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишварро баррасӣ ва аз рушди рӯзафзуни онҳо дар давоми беш аз 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти олии ду кишвар ҳаҷми гардиши мол миёни ҶТ ва ҶФО дар соли 2023 ба андозаи 60% афзуда, 183 миллион долларм ИМА-ро ташкил дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар дар самти нақлиёт ибрози андеша намуда, ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ пешниҳод гардид.
Дар доираи мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷалби маблағҳоро ҷиҳати татбиқи Стратегияии рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, рақамикунонии соҳаи нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ ва долонҳои нақлиётӣ, аз ҷумла долони мултимодалии «Тоҷикистон –Узбекистон –Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.