Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

СОБИҚАДОРОНИ МО. Чаро Муҳаммад Ҳабибовро «Марди роҳ» меноманд

Санаи нашр: 22-02-2024 Просмотрено: 3250

Ҳар дафъа, вақте дар бораи ҳаёти шахсе, ки зиндагии пуразмунеро паси сар кардааст, пурсон мешавед, ба ақлу хирад, иродаи қавӣ ва дили гарму назари неки чунин одамон қоил мешавед...

Мо чопи силсилаи мақолаҳоро роҷеъ ба кору фаъолияти собиқадорони соҳа оғоз мекунем. Қаҳрамони имрӯзаи мо - Муҳаммад Ҳомидович Ҳабибов.

 

... Муҳаммад аз кӯдакӣ ба техника, ҳама гуна асбобҳо ва механизмҳо шавқу рағбат дошт.   Айёми хурдсолӣ ӯ мустақилона аз коғазу картон намунаи ҳар гуна мошину дастгоҳҳоро месохт. Шояд аз ҳамин сабаб соли 1974 ба мактаби олии техникӣ – Донишкадаи  муҳандисии роҳи оҳани Тошканд барои таҳсил рафт. Пас аз хатми донишкада моҳи сентябри соли 1979 ҳамчун тарроҳ (конструктор) дар Бюрои махсуси конструкторӣ-технологии мошинсозии шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард.

 Солҳои 1979-1981 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хидмат адо кард. Одатан пас аз хидмати аскарӣ, вақте ҷавон ба ҳаёти мулкӣ бармегардад, саволи асосӣ ба миён меояд: ба куҷо бояд ба кор рафт? Муҳаммад, бидуни андешаи зиёд, депои вагонҳои шаҳри Душанберо интихоб кард. Дар он ҷо ӯро ба ҳайси сарвари бригадаи сехи барқӣ ба кор монданд ва пас аз чанд моҳ сармуҳандиси участкаи корҳои механиконидашудаи боркашонӣ таъин карданд. Бо гузашти як сол ӯ аллакай сардори шӯъбаи хоҷагии вагонҳои Шӯъбаи Душанбеи роҳи оҳани Осиёи Миёна (РООМ) буд.

 Солҳои 1992-1995 Муҳаммад Ҳабибов ба сифати муовини аввали сардор-сармуҳандиси Шуъбаи душанбегии РООМ ифои вазифа намуд.

 Бояд тазаккур дод, ки 17 августи соли 1994 бо қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар заминаи Шуъбаи Душанбеи Роҳи оҳани Осиёи Миёна  Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ) таъсис дода шуд, ки Муҳаммад Ҳабибов аз соли 1995 то соли 2001 сардори он буд.

 Роҳи оҳани Тоҷикистон аз Роҳи оҳани Осиёи Миена ҷудо шуда, мустақил гардид. Ба ибораи дигар, дар таърихи роҳи оҳани мо марҳилаи нав  оғоз шуд. Аллакай 7 сентябри соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони бонуфузи роҳи оҳан ва намояндагони зиёиёни мамлакат дар маросими мутантани ба истифода супоридани навбати аввали роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа – Кӯлоб» иштирок намуданд.

Дар ҳамоише, ки ба муносибати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ доир гардид, Сарвари давлат зикр намуданд, ки чун нуқтаи ибтидоии роҳи автомобилгарди «Кӯлоб-Хоруғ-Гузаргоҳи Қулма-шоҳроҳи Қароқурум», роҳи оҳани «Қурғонтеппа– Кӯлоб» на танҳо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро бо хориҷаи дур мустақиман мепайвандад, балки омили тавонои рушди саноат, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишварамон хоҳад буд.

Ғамхории беҳадду канори Президент, ҳисси баланди масъулияти роҳбарони ҳамаи сатҳҳо, мутахассисони соҳа, дастгирии мардум сохтмончиёнро рӯҳбаланд сохта, онҳоро ба дастовардҳои нав илҳом бахшиданд. Ва навбати дуюми роҳ («Данғара -  Олимтой -  Қурбоншоҳид - Кӯлоб») 1 сентябри соли 1999 ба кор дароварда шуд.

Бо назардошти хизматҳои бузургу таърихии Сарвари давлат дар бунёди ин роҳ, ғамхориву дастгирии ҳамарӯзаи ӯ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» М. Ҳабибов бо қаноатмандӣ ва ба нишони сипосу эҳтироми самимӣ билети аввалини қатораи якуми «Қӯрғонтеппа – Кӯлоб» - ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.

«Мавриди зикри хос аст, ки сохтмони ин роҳ ҳанӯз моҳи марти соли 1991 оғоз шуда буд ва  мебоист моҳи майи соли 1996 ба итмом мерасид, - мегӯяд Муҳаммад Хомидович. – Вале он, бо сабаби пошхӯрии ИҶШС ва воқеаҳои маълум дар ҷумҳурамон, боз дошта шуд. Шуруъ аз соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба бунёди ин иншооти барои иқтисодиёт ва  аҳолии кишвар ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд».

Ба гуфтаи Муҳаммад Ҳабибов, сохтмони роҳ дар шароити хеле вазнин сурат гирифт, аммо бо дарки аҳамияти бузурги он коргарон фидокорона заҳмат кашида, километр ба километр роҳ мехобонданд ва вазифаҳои ба онҳо вогузоршударо ҷасурона иҷро  мекарданд.

 «Бо ташрифҳои чандинкаратаи худ ба қитъаҳои гуногуни сохтмони роҳ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён нерую эътимоди тоза мебахшиданд ва ҳалли фаврии бисёр мушкилоти мураккабтарин аз ҷониби онҳо ба амалӣ гардонидани орзуи дар назари аввал   ғайри имкони мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд», - ба ёд меорад акнун он солҳоро Муҳаммад Ҳомидович.  

Роҳи «Қурғонтеппа-Кӯлоб» бо дарозии 132 км аввалин роҳи оҳани Тоҷикистон гардид, ки дар солҳои истиқлолият сохта шудааст.

«Як далели бисёр ҷолиб ва аз ҳар ҷиҳат рамзӣ, - мегӯяд Муҳаммад Ҳомидович ва чунин шарҳ медиҳад: - Аввалин қатора 95 сол пеш, яъне ду моҳ қабл аз имзои қарори Ҳукумати  шӯравӣ дар бораи таъсиси ҶШС Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1929 ба пойтахти ҷумҳурии мо омад. Ва бубинед, ки аввалин иншооти бузург дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ маҳз дар даҳаи аввали моҳи сентябр – дар рӯзҳои таҷлили 8-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон  ва 1100-солагии Давлати Сомониён ба истифода дода шуд».

Роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа – Кӯлоб» аз ҷониби воситаҳои ахбори омма «Роҳи аср» номида шуд.

Барои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сохтмони «Роҳи аср» аз рӯзҳои аввал масалаи дорои аҳамияти аввалиндараҷа гардид. Мутахассисони беҳтарини соҳа, коргарон ва муҳандисони соҳибтаҷриба фаъолона даст ба кор шуданд.  Худи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» яке аз аввалинҳо шуда, ба нақшаи сохтмони роҳ пешниҳоди навоварона ироа кард, ки ба туфайли он зиёда аз 340 миллион рубли ҳамонвақта сарфа карда шуд (дар ин бора сертификати №10 аз 25 январи соли 1997 шаҳодат медиҳад).

Матбуоти ин солҳо навиштааст: «То ба наздикӣ, дар замони Шӯравӣ, чунин иншоотҳо аз ҷониби  намояндагони ҳамаи ҷамоҳири он кишвар дастҷамъона сохта мешуданд. Бунёди ин роҳ дар асл аввалин сохтмони бузурги худи ҷумҳурӣ мебошад. Илова бар ин, он дар замоне идома дорад, ки ҷумҳурӣ ба наздикӣ фоҷиаи даҳшатнокро паси сар кардааст ва ҳоло мушкилоти бузурги иқтисодиро аз сар мегузаронад».

 Муассисаи навтаъсис – КВД «РОТ», ки аз собиқ РООМ ҳамагӣ 11% молу мулк мерос гирифтааст, ки он ҳам кӯҳна ва фарсуда буд, тадриҷан ба по бархост.

Воқеан ҳам як давраи душворе буд баъди суқути ИҶШС. Тамоюли  камшавии ҳамлу нақл, болоравии нархҳо ва коҳиши даромадҳо қувват мегирифт, иваз кардани таҷҳизоти кӯҳнашуда ва ҳайати ҳаракаткунанда қатъ  гардид. Роҳи  оҳани Тоҷикистон бе пойгоҳи таъмир монд. Парки вагонҳои боркаш ва локомотивҳои ба ӯ додашуда ҳамагӣ каме бештар аз нисфи мӯҳлати хизмати меъёрии худро таҳия карданд.  Ва аз ҳама бадтараш – бисёр мутахассисони роҳи оҳан кишварро тарк намуданд.

Барои мӯътадил кардани кор роҳбарияти корхона  тадбирҳое андешид, ки ба кам кардани хароҷот, сарфаи захираҳо, ташкили пойгоҳҳои иловагии истеҳсолӣ ва шароити интиқоли бор ва мусофирон равона карда шуданд.   Хатсайрҳои мусофиркашонии «Душанбе – Москва», «Бохтар – Конибодом», «Кӯлоб – Москва» аз нав эҳё карда, таҳти назорат гирифта шуданд. Дар заминаи заводи «Тоҷикхимселмаш»-и Маҳрам дар наздикии Конибодом корхонаи таъмири вагонҳо, дар  пойгоҳи Душанбе – сехи таъмири вагонҳои мусофирбарӣ таъсис дода шуд, 5 тепловози магистралӣ навсозӣ гардид, системаи автоматикунонидашудаи идоракунии раванди интиқол бо баромадан ба Маркази асосии ҳисоббарории идоракунии ҳаракати қаторҳои  Русия ҷорӣ карда шуд, нуқтаҳои пайвастшавии вагонҳо бо компютер муҷаҳҳаз  гардиданд.

Тавре аллакай зикр карда шуд, то соли 2000 сохтмони хатти роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа – Кӯлоб» бо дарозии 132 км (аз ҷумла 2 истгоҳ, 13 пул) — яке аз муҳимтарин иншоотҳои давлатӣ пурра ба анҷом расид. Дар ин давра биноҳои вокзалҳои истгоҳҳои «Душанбе-1», «Хонақоҳ», «Регар», «Қӯрғонтеппа» таҷдид карда шуданд, хатти роҳи оҳани «Ёвон –Вахш», ки дар натиҷаи обхезӣ вайрон шуда буд, барқарор карда шуд.

  Роҳи оҳани Тоҷикистон ба бунёд ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ ва иҷтимоӣ дар саросари кишвар оғоз ниҳод. Пойгоҳҳои локомотивӣ дар истгоҳҳои «Хуҷанд» ва «Бохтар», беморхона ва табобатгоҳ дар истгоҳи «Хуҷанд», деги обгармкунии барқии  беморхона ва  шифохонаи  роҳи оҳан дар истгоҳи «Душанбе-1», хонаи истиқоматии 40-ҳуҷрадор дар истгоҳи «Исфара», хонаи истиқоматии дорои 108 ҳуҷра дар Душанбе, муассисаҳои томактабии кӯдакона барои кормандони роҳи оҳан ва аъзои оилаи онҳо дар Душанбе ва Хуҷанд, ки фаъолияти онҳо пурра аз ҳисоби КВД  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маблағгузорӣ мешавад, мавриди истифода қарор дода шуданд.

 Вокзали роҳи оҳан ва фаввора дар майдони назди вокзал дар истгоҳи «Душанбе-1», меҳмонхонаи «Душанбе» таҷдид карда, роҳи обкашӣ дар истгоҳи «Бохтар» ва таъминоти берунии равшанӣ дар майдони контейнерӣ дар истгоҳи «Душанбе-2» барқарор карда шуданд.

Корхона ба тайёр кардани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он, нигоҳдории Боғи фарҳангию фароғатӣ  ва Варзишгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Душанбе диққати ҷиддӣ дод.

 РОТ рӯзномаи «Роҳи умед»-ро  таъсис дод,  ки шумораи нахустини он 25 апрели соли 1997 аз  чоп баромад. Дастаи футболи «Локомотив» (Душанбе), ки дар аввали солҳои 90-ум барҳам дода шуда буд, соли 1999 дубора эҳё гардид ва ба ҳунарнамоӣ дар лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оғоз кард.

 Ва ин ҳама ба шарофати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани  кӯшишҳо ва ташаббусҳои шахсии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Муҳаммад Ҳомидович Ҳабибов, робитаю тамос ва ҳамкории пурсамари ӯ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ОСЖД, ЭКО, ТРАСЭКА, МЭК ва ғайра ба даст омадаанд.

 Ҳамкорон ӯро «Марди роҳ» меноманд, ки ин тасодуфӣ нест. Моҳи июни соли 2001 Муҳаммад Ҳабибов муовини сардори Идораи сиёсати нақлиёти Вазорати нақлиёт таъин шуд. Сипас, аз моҳи декабри соли 2001, тӯли бист сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ба ҳайси мудири Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия, сипас дар вазифаи муовини сардори Раёсати  рушди инфрасохтор, ки соҳаи нақлиётро  сарпарастӣ мекунад, кор кардааст.

 Соли 2021 М. Ҳабибов аз рӯи синну сол ба нафақаи меҳнатӣ баромад, аммо бекор нишаста натавонист. Вай ҳоло ба сифати мушовири Вазорати нақлиёт фаъолият мекунад. Ҳаёти ӯ то ҳанӯз бо роҳҳо, роҳҳои оҳану автомобилгард пайваст аст.

 Марди роҳ ҳамеша, новобаста ба синну сол, омода аст, ки бештар биомӯзад, дарк кунад ва ба дигарон низ  донишу малакаи касбӣ ёд диҳад.  

 Моҳияи зиндагии ӯ аз ҳамин иборат аст. 

 «Ҳангоми дар нафақа будан муҳим аст, ки даст болои даст монда, дар хона нашинед, балки  худро бо коре банд кунед, ки ба шумо писанд аст», - мегӯяд ӯ бо табассум. Ва ба худи ӯ кор дар соҳаи нақлиёт писанд аст, шояд аз он сабаб, ки дар ин соҳа ӯ ҳам таҷриба ва ҳам дониш дорад.  Андешаҳои муҳандисӣ, ҷараёни фикрҳои ҷолиб, роҳҳои креативии ҳалли масъалаҳо, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ қаҳрамони моро лаҳзае тарк намекунанд.

 Муҳаммад Ҳомидович Ҳабибов соли 1996 курси «Нигоҳи нав ба менеҷменти молиявӣ ва аудит» - ро дар Ҷамъияти муҳосибони идоракунии Лондон (Британияи Кабир) бомуваффақият хатм кард, профессори фахрии Донишкадаи идоракунии Ванадзор «Санаин»-и Арманистон (факултети нақлиёти донишкадаи мазкур ба номи профессор М. Ҳ. Ҳаабибов гузошта шудааст), номзад ба дарёфти «Медали тилло»-и «Ассотсиатсияи мусоидат ба рушди саноати (SPI) Фаронса, соҳиби «Медали тилло»-и Бунёди сулҳи Шӯравӣ мебошад.

Вай вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.

 Ӯ ҳамчунин сазовори Ифтихорномаи Қумитаи муҳофизони сулҳи Тоҷикистони (2000), медали «Хотираи Насонов Анатолий Павлович»-и Шӯрои Байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, нишонҳои «Роҳиоҳанчии фахрӣ» ва «Нақлиётчии фахрӣ» гардидааст…  

  Мо бояд аз чунин пешоҳангони собиқадори соҳа, мисли Муҳаммад Ҳомидович Ҳабибов, муносибати  некбинона ба зиндагӣ, меҳнатдӯстӣ омӯзем, роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккабро пайдо кунем, таҷриба ва истеъдод ба даст орем ва онҳоро барои пешрафти савияи касбии худ истифода барем.   

 Биёед ба ӯ саломатии бардавом, саодати фарзандону наберагон ва ҳамеша қалби пур аз фараҳ ва чеҳраи хандонро таманно кунем!