Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ, ки иҷозатнома доранд ва бо ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, истифода баранд.
Вазорати нақлиёт аз мусофироне, ки нияти аз Тоҷикистон ба Узбекистон, Қазоқистон ва Русия сафар кардан доранд, даъват мекунад, ки чиптаҳоро дар терминалҳои мусофирбарӣ танҳо аз ширкатҳои нақлиётие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, харидорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар бозори байналмилалии мусофиркашонӣ соҳибони автобусҳое, ки иҷозати дахлдор надоранд, хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд. Дар натиҷа, вақте мусофир берун аз кишвар ба сафар мебарояд, вай якчанд сарҳадро убур мекунад ва агар ронанда ҳуҷҷатҳои дахлдор надшта бошад, табиист, ки метавонад мушкилот пеш ояд.
Ҳамчунин ҳолатҳое рух медиҳанд, ки воситаи напқлиёт дар роҳ аз кор мемонад ва мусофирон миёни дашту саҳрои беодам танҳо мемонанд ва намедонанд ба кӣ муроҷиат кунанд.
Вале ширкатҳои нақлиётии кишварамон, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон иҷозатномаи расмӣ доранд, хизматрасонии худро бо сифат ва мутобики талаботи моддаҳои 45 («Шартҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ») ва 50 («Ҳуқуқу уҳдадориҳои интиқолдиҳанда») – и Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо моранд.
(Бо матни пурраи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 апрели соли 2020 таҳти 1689 имзо шудааст, дар сомонаи мо дар бахши «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шинос шудан мумкин аст).