Хабарҳо

slider_img
slider_img

Оғози корҳои лоиҳакашии сохтмону таҷдиди роҳи автомобилгарди «Хуҷанд – Ашт»

Санаи нашр: 14-02-2024 Просмотрено: 1228

13 феврал дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба иҷрои корҳои лоиҳавӣ дар сохтмону таҷдиди роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Ашт» оғоз ниҳод. Дар маросими оғози корҳо директори КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти наклиётӣ (ПЛИН)» Валиҷон Махсум, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мутахассисони соҳаи роҳдории кишвар   иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки  масофаи роҳи автомобилгарди «Хуҷанд – Ашт»   122 километрро ташкил дода, баъд аз таҷдиду навсозӣ  шумораи хати ҳаркат дар ду самт 2-3, паҳноии хати ҳаракат 3-5 метрро дар бар мегирад ва ин роҳ ба категориия 3-юми техникӣ мутобиқ мегардад.

Инчунин њангоми навсозӣ дар ин роњ 4 пули мошингузар, 98 лўлаи обпарто, як гузаргоњи зеризаминї, 25 истгоњ ва ду љой барои модару кӯдак бунёд мегардад.

Хотиррасон бояд намуд, ки тарҳи таҷдиду азнавсозии роҳҳои «Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ» ва «Хуҷанд – Ашт» аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи лоҳиакашии иншооти нақлиётӣ» анҷом дода шудааст.  

Дар доираи сафари корӣ Вазири наќлиёт Азим Иброњим аз рафти корњои сохтмонї дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» дар ҳудуди вилояти Суғд дар  қитъаҳои роҳҳои  «Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров» (22 км) ва «Бобољон Ғафуров – Хистеварз (6,3 км) дидан намуда, бо масъулин ва мутахассисону коргарон мулоқот намуд. Вазир таъкид кард, ки корњо ҳарчанд бомаром љараён доранд, вале њанўз ҳам камбудињо ба назар мерасанд.  

 Супориш дода шуд, ки норасоињо бояд ҳарчи зудтар бартараф ва суръату сифати кор баланд бардошта шавад зеро, ба гуфтаи Вазир, «роњњои бунёд ва таљдидшаванда бояд дањсолањо ба мардум хизмат кунанд».

Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳаи БРАМОМ-4 дар ҳудуди вилояти Суғд таҷдид ва азнавсозии роҳҳои автомобилгарди зерин бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудаанд:

 қитъаи «Куруш – Бекобод» бо дарозии - 12,3 км;

 қитъаи «Деҳмой – Б.Ғафуров» бо дарозии - 22,0 км;

 қитъаи «Б.Ғафуров – Хистеварз» бо дарозии 6,3 км;

 қитъаи «Конибодом – Кучкак» бо дарозии 10,3 км.

Баъд аз баимзорасии қарордод байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати  China Railway Wuju аз 25 ноябри соли 2022, ширкати мазкур корҳои сохтмониро дар қитъаи «Кучкак-Конибодом» аз 1 марти соли 2023 ва дар қитъаи «Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз» аз 20 майи соли 2023 шуруъ намудааст.

Шумораи мутахассисон ва кормандон дар иншоот 417 нафар буда, 369 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.