Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ЭЪЛОН. Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард ва барфу борон мешавад

Санаи нашр: 16-02-2024 Просмотрено: 1317

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 то 20 феврали соли равон  дар Тоҷикистон ҳавои сард ва борон шуда, дар баъзе минтақаҳо ба барф табдил меёбад.

  Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид, дар роҳҳои кӯҳӣ барфтӯдаҳо, яхбандӣ ва туман ба амал меояд. Барфи тар метавонад ба танаи симчӯбҳои интиқоли барқ ва дарахтон часпад ва бо вазнинӣ ҳолаҳои садамавиро ба вуҷуд орад.

  Вазорати нақдлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ронандагону мусофирон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурат ба сафар набароянд, ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд.   

 Барои бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди мамлакат, махсусан дар шоҳроҳи «Душанбе – Чаноқ»,аз ҷумла дар мавзеи «Майхура»-и ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми роҳи автомобилгарди «Душанбе –  Айнӣ», инчунин дар шоҳроҳи «Душанбе – Қулма», махсусан дар роҳи автомобилгарди  «Дарвоз – Ванҷ» соҳибони нақлиёт бояфд аз эҳтиёт кор гиранд.

 Дар сурати истифодаи роҳҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо ронсндагонро мебояд мошини худро бо ашёи зарурӣ, аз қабили бел, табар, ҳезум, занҷирҳои барфӣ, чароғҳо, халтаҳои хоб, захираи маҳсулот таъмин кунанд, сатҳи фарсудашавии чархҳоро бисанҷанд ва дар сурати лозим онҳоро барои зимистон иваз кунанд.