Хабарҳо

slider_img
slider_img

Корҳои лоиҳакашии сохтмону таҷдиди роҳи «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» оғоз шуданд

Санаи нашр: 14-02-2024 Просмотрено: 1535

Рӯзи сешанбе, 13 феврал, дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд корҳои лоиҳакашии сохтмону таҷдиди роҳи автомобилгарди «Айнӣ - Куҳистони Мастчоҳ» оғоз гардиданд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода  бо харитаи роҳ шинос шуда, пешниҳоди мутахассисонро вобаста ба таҷдид ва азнавсозии роҳ шуниданд.

Роҳи автомобилгарди «Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ», ки солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шудааст, барои ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад, зеро он робитаи нақлиётиро на танҳо миёни ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ барқарор месозад, балки ин ду ноҳияро бо пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриявӣ пайваст менамояд.

Гуфта шуд, ки роҳи мазкур асосан дорои чор минтақаи осебпазир мебошад. Километри 13-14 ва 16-17-ум, ки дорои обҳои зеризаминӣ буда, пайваста дар ҳолати лағжиш қарор доранд. Дар километри 23-24-ум дар натиҷаи баланд шудани сатҳи дарё дар фасли гармо шуста шудани канори роҳ ва хавфи аз байн рафтани қисматҳои он  пеш меояд.

«Бинобар ин,- таъкид намуд Вазири нақлиёт, -   таҷдиду навсозии роҳи «Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ»  лоиҳакашии дақиқро талаб менамояд ва ин роҳ бояд ба стандартҳои замони муосир пурра ҷавобгӯ бошад».

  Роҳи мазкур, ки қаблан аҳамияти маҳаллӣ дошт, соли 2015 дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (РҶ -074) гардонида, ба ба категорияи 5-ум дохил карда шудааст. Роҳ дар қабати қаторкуҳҳо ва дар соҳили дарёи Зарафшон аз ноҳияи Айнӣ то Куҳистони Мастчоҳ тӯл кашида, ҳамагӣ 55 километрро дарбар мегирад ва он дар тавозуни идораи зертобеи вазорат - Муассисаи давлатии  нигоҳдории роҳҳои автомобилгард қарор дорад.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода изҳор намуд, ки оғози корҳои лоиҳакашӣ дар ин роҳ мардуми кӯҳистонро шод гардонд. Зеро, ба қавли ӯ, навсозии ин роҳ ҳаракати нақлиёт ва омадурафти сокинонро аз ин навоҳии баландкӯҳ ба самти Душанбе ва Панҷакенту Хуҷанд ба маротиб осон мнегардонад.

Татбиқи ин лоиҳаи муҳим тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ва то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шудааст.