Дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, 12 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз Нуқтаи назорати вазн ва андозаи (ННВА) мошинҳо дар шаҳри Ваҳдат дидан кард.
Назорати вазну андозаи автомобилҳо бо мақсади таъмини ҳолати хуби роҳҳои автомобилӣ амалӣ карда мешавад.
ННВА дар шаҳри Ваҳдат бо воситаҳои ченкунӣ барои муайян сохтани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт муҷаҳҳаз карда шудааст. Кори ин нуқта имкон медиҳад, ки ҳаракати шабонарӯзии воситаҳои нақлиёт назорат ва мошинҳои аз ҳад зиёд боршуда ошкор карда шаванд.
Бо вуҷуди ин, ронандагони мошинҳои гаровазн баъзан «ба осонӣ» ба убури ин санҷишгоҳ муваффақ мешаванд.
Тавре ки қаблан хабар дода будем, соли гузашта даҳҳо ҳазор ҳолати риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин аз ҷониби ронандагон ба қайд гирифта шудааст. Нисбати ронандагон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи чанд миллион сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст. Бо вуҷуди ин, шумораи чунин қонуншиканиҳо кам намешавад.
«Дар кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст, - зикр кард Вазир дар сӯҳбат бо кормандон ва нозирони Нуқтаи назорати вазну андоза. - Назорати вазну андозаи мошинҳо на барои ҷазо додани интиқолдиҳандагони беинсоф дар шакли ҷарима, балки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ба роҳ монда шудааст».
Азим Иброҳим изҳор дошт, ки Вазорати нақлиёт ният дорад минбаъд шумораи нуқтаҳои ченкунии автоматӣ ва рақамиро дар саросари кишвар афзоиш диҳад ва назорати қатъии риояи ҳамаи параметрҳои кори ин системаро таъмин кунад. Дар ин замина ӯ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат 28 декабри соли 2023 баён дошта буданд: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард, тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Дар робита ба ин, ҷорӣ кардани механизми назорати рақамӣ ба ҳаракати нақлиёти боркаш хеле муҳим аст».
Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиёӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни нақлиёти боркаш тадбиҳо андешанд».