Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«БОСИФАТ ВА САРИВАҚТ ИҶРО КУНЕД!». Вазири нақлиёт бо рафти корҳои сохтмон ва таҷдиди қитъаҳои роҳ шинос шуд

Санаи нашр: 13-02-2024 Просмотрено: 1429

12 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмон ва таҷдиди қитъаҳои роҳи «Бохтар – Леваканд», «Леваканд – Лолазор» ва «Лолазор –Данғара» ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Пудратчиёну ҳамоҳангсозон, ки Вазири нақлиёт дар майдони сохтмон бо онҳо вохӯрд ва суҳбат кард, дар бораи корҳои то имрӯз анҷомдодашуда маълумот доданд.

Азим Иброҳим ба онҳо супориш дод, ки тамоми вазифаҳое, ки вобаста ба сохтмон ва таҷдиди ин қитъаҳо дар назди онҳо гузошта шудаанд, бояд дар мӯҳлатщои муқарраршуда ва бо сифати баланд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба иҷро расонида шаванд, то ки ин роҳҳо солҳои дароз ба мардум хизмат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки санги асос ба таҳкурсии сохтмон ва таҷдиди қитъаҳои роҳи «Бохтар – Леваканд», «Леваканд – Лолазор» ва «Лолазор – Данғара» – и роҳи байналмилалии «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма» 25 апрели соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.   

Сохтмон ва таҷдиди ин се қитъаи роҳ аз 3 марҳила иборат аст.

Марҳилаи аввал - қитъаи роҳи автомобилгарди «Бохтар-Леваканд», ки дарозии он 9,72 километрро ташкил дода, ба маблағи 22,81 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешавад. Пас аз навсозӣ, ин роҳ ба категорияи техникии 1-B дохил мегардад.

 Марҳилаи дуюм -  сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи «Леваканд-Лолазор» бо дарозии 30,28 км ва арзиши беш аз 19,62 миллион доллари ИМА. Пас аз таҷдид ва навсозӣ ин қитъаи роҳ ба категорияи 3-юми техникӣ мутобиқ карда мешавад.

 Марҳилаи сеюм - сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи «Лолазор-Данғара» мобошад, ки дарозии он 28,7 километрро ташкил медиҳад ва бо маблағи 18,96 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад. Бо таҷдиду навсозӣ ин роҳ ба категорияи техникии 3 баробар карда мешавад.

Дар ҷараёни бунёд ва таҷдиди ин қитъаҳои роҳ навсозии 4 пул ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, як пули мошингузар дар марҳилаи дуюм пурра нав карда мешавад.

Ҳамзамон, дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа гузоштани 28 қубури заҳкаш, насби се истгоҳи нақлиётӣ, сутунҳо барои равшанкунӣ дар масофаи зиёда аз 66 километр ва аломатҳои роҳ ба нақша гирифта шудааст.

 Дар доираи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Бохтар-Леваканд» сохтмони 2 гузаргоҳи заминӣ, 5 пуштувона (контрфорс) бо дарозии умумии 554 метр, 5 қубари заҳкаш, 25 истгоҳи нақлиётӣ, насби обпартои оҳану бетонӣ бо дарозии умумии 14,74 км, таъмини равшанӣ дар масофаи 20,50 километр, инчунин насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.

 Ҳадафи асосии татбиқи лоиҳаи мазкур - таъмини бехатарӣ ва ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳолати роҳҳо ва андозаи геометрии онҳо, инчунин сарфаи вақт ва сӯзишворӣ барои интиқоли молу маҳсулоти гуногун дар ҳар фасли сол, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва рушди ҳамкорӣ бо кишвархои хориҷӣ мебошад.

 Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози он - Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, пудратчии асосӣ-  ширкати «Нанкин Комйуникейшн Инжиниринг Лтд Ко»-и Чин мебошад.

Лоиҳа бо маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд ва ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда мешавад.