6 феврал Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамасвами Парвати мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва сохторҳои СММ, инчунин масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, ба иштироки Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Форуми сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ки 29-30 январи соли равон дар шаҳри Брюссел баргузор гардид. Дар ин замина, хонум Рамасвами Парвати изҳор дошт, ки пас аз анҷоми форуми сармоягузорӣ дар пойтахти Белгия, СММ ният дорад дар доираи имкониятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки зарурӣ расонад.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи мусоидати СММ ба рушд дар бахши нақлиёти кишварро тавассути кӯмаки техникӣ баррасӣ карданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи «Сармоягузорӣ ба инфрасохтори устувори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Брюссел дар доираи форуми сармоягузорӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гузаронида шуд, ба Барномаи Идораи СММ оид ба коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ (UNDRR) диққати махсус дода шуд.
Дар мулоқот афзалиятҳои ҳамкории минбаъда дар давоми соли 2024 оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ муайян карда шуданд.
Ҷонибҳо инчунин самтҳои дигари ҳамкориро дар доираи барномаҳои СММ баррасӣ карданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим хонум Рамасвами Парватиро бинобар ба вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои ин вазифа муваффақият орзу кард. Вай ҳамчунин ба СММ ҷиҳати кумак дар баргузории чорабинии канории кишвари мо дар доираи Форуми «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» дар Брюссел миннатдорӣ баён дошт ва изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид минбаъд густариши бештар пайдо хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Кавилмадам Рамасвами Парвати, ки қаблан дар Барномаи ҷаҳонии озуқавории (WFP) СММ дар Туркия ва Афғонистон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст, 15 марти соли 2023 Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон таъин шуд.