Хабарҳо

slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ. Вазири нақлиёт бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт Гуруҳи корӣ таъсис дод

Санаи нашр: 03-02-2024 Просмотрено: 2096

Рӯзи ҷумъа, 2 феврал, Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо иштироки муовини вазир Ш.Саидмуродзода, намояндаи РБДА ВКД ҶТ Ф. Ҷабборов, роҳбарони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Д. Қурбонзода, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» Р. Саломзода, КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт" С. Ёкубзода,  КВД «Маркази сертификатсияи корҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» С. Саидзода, МДК «Душанбенаклиётхадамотрасон Х.Ғаниев,  инчунин сохторҳои далдори дастгоҳи марказии вазорат   ҷаласаи машваратӣ доир намуд.

 

Дар маҷлис масъалаи ба танзим даровардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии интиқоли мусофирон ва борҳо, одоби рафтор дар роҳу нақлиёт баррасӣ карда шуд.

 Тавре Вазири нақлиёт Азим Иброхим тазаккур дод, дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои  мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, камбудиҳои ҷиддиро дар ин самт вобаста ба тартиби истифодаи софдилона ва самараноки воситаҳои нақлиёт, дар ҳолати хуб ва тоза нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе зикр намуданд. 

Дарвоқеъ, имрӯз, ҳарчанд ки нишондиҳандаҳои омории ҳамлу нақл нисбат бо соли 2022  афзоиш ёфтаанд, сатҳу сифати хизматрасониҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ  ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест,  муқаррароти қонунгузории амалкунанда дар сатҳи зарурӣ иҷро карда намешаванд.

 Сарвари давлат дар ҷаласаи фавқуззикри Ҳукумат изҳори нигаронӣ намуданд,ки дар пойтахти кишвар воситаҳои нақлиёти боркаш, ки дар сохтмони биноҳо ва дигар иншоот истифода мешаванд, қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва интиқоли борро риоя  намекунанд.

 Мувофиқи маълумоти таҳлилии натиҷаҳои соли 2023, дар шаҳри Душанбе нисбат ба 2564 ронанда барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ (набудани болопӯши бордони автомобил ҳангоми интиқоли борҳои моеъ, резанда,кафкбарангез, ангишт, хок, рег) чораҳои маъмурӣ андешида шуданд, аммо ин масъала то ҳол ҳали худро наёфтааст.  

 Ба гуфтаи Вазири нақлиёт, мушкилоти дигари нигаронкунандае, ки Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, назорати нокифояи ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм дар роҳҳои автомобилгард мебошад. Танҳо соли 2023 дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 2476 ҳолати риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 32 фоиз зиёд аст. Нисбати ронандагони ин мошинҳо тибқи моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ санадҳои дахлдор тартиб дода, аз онҳо ҷарима ситонида шуд. 

 Вазир ҳамчунин дар бораи аз минтақаҳо ба пойтахт ворид шудани миқдори зиёди воситаҳои нақлиёт ва риоя накардани талаботи бехатарӣ ва санитарӣ ҳангоми интиқоли мусофирон ёдовар шуд.

Бо назардошти далелҳои дар боло зикршуда, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки бо мақсади таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои ҳалли умумии мушкилот аз ҳисоби кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД «Маркази сертификатсияи корҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» ва дигар ташкилоту корхонаҳо Гуруҳи корӣ таъсис дода шавад.

 Гурӯҳи корӣ бояд тибқи Нақшаи тадбирҳои иловагӣ оид ба танзими вазъи вазъи корҳо дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, ки 25 январи соли 2024 тасдиқ шудааст, бо РБДА ВКД ҶТ ва МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»   фаъолона ҳамкорӣ намояд.