Хабарҳо

slider_img

БА МАЪЛУМОТИ РӮЗНОМАНИГОРОН! Нишасти матбуотӣ дар Вазорати нақлиёт 8 феврал доир мегардад

Санаи нашр: 31-01-2024 Просмотрено: 483

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи нақша бояд  имрӯз, 31 январ доир мегардид, бинобар дар сафари корӣ қарор доштани Вазир ба рӯзи 8 феврал гузаронида шудааст.

 

Нишасти матбуотӣ дар толори Вазорат бо иштироки роҳбарият ва сарварони раёсату шуъбаҳои марказӣ ва идораю муасситсаҳои тобеи Вазорати нақлиёти ҶТ баргузор мегардад.

  Нишастҳои матбуотӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023, ки аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 29 январ шуруъ шуда, 16 феврал ба анҷом мерасанд.

 Хотиррасон мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соле ду маротиба гузаронида мешаванд.