Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДИҚҚАТ! Вазорати нақлиёт ба ронандагон тавсия медиҳад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд

Санаи нашр: 31-01-2024 Просмотрено: 1703

Тиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар имрӯз ва рӯзҳои минбаъда дар саросари Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва борону барф   дар назар дошта шудааст. Дар минтақаҳои куҳӣ туман мефарояд. Ҳаво дар ВМКБ,  манотиқи кӯҳсори вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то 15-20  дараҷа хунук мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар роҳҳои «Душанбе-Хуҷанд –Чанак» ва «Душанбе – Хоруғ – Қулма» (дар километри 65 – 73) эҳтимолияти яхбандӣ вуҷуд дорад.

Бо мақсади пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошинҳои худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд.

Чархи резиние, ки дар таркибаш капрон дорад, арзонтар аст, аммо чунин резина болои асфалти тар мелағжаж. Шинаҳои тангтари зимистона нисбат ба шинаҳои васеъ дар болои ях ва барф беҳтар ҳаракат мекунанд, онҳо ҳангоми гардишҳо камтар дучори лағжиш мешаванд.

Чизи дигар. Ба мошинҳои боркаш тавсия дода мешавад, ки  занҷирҳои зидди лағжиш бо худ дошта дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.