24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, воситащои ахбори оммаи расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.
Дар маҷлис нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2023 шунида шуд.
Тавре зикр гардид, соли 2023 бо вуҷуди мушкилиҳои ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти давлати мо соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Бино ба суханони Сарвазири мамлакат, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 130,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,3 фоиз таъмин карда шуд.
Сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 43,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
«Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13 млрд. сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли 2023 тавассути ҳама гуна намудҳои нақлиёт 121 млн. тонна бор ва 899,3 млн. нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 16,6 ва 9,8 фоиз зиёд мебошад», - зикр намуд, аз ҷумла, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода.
Дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси кумитаи Андоз Нусратулло Давлатзода, Сардори хадамоти Гумрук Хуршед Каримзода, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.
Дар маҷлис ҳамчунин Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии «Солҳои рушди саноат 2022-2026», ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба Вазорати нақлиёт супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, истифодаи васеи нақлиёти барқӣ ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дастурҳои дигар ба Вазорати нақлиёт оид ба азнавсозии парки воситаҳои ҳаракаткунандаи роҳи оҳан, харидории вагонҳои замонавии мусофирбар, аз ҷумла боркаш ва локомотивҳо дода шуд.
Дар охири кори маҷлиси васеи Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар назди иштирокчиёни маҷлис суханронӣ намуданд.
«Бо мақсади тақвият бахшидан ба ташкили «ҳукумати электронӣ» ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ зарур аст, ки то охири соли 2024 ҷиҳати омода намудани заминаи моддиву техникӣ, кадрӣ ва тавассути ташаккули низоми ягонаи ҳамгироӣ пурра амалӣ намудани табодули маълумот тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд», - тазаккур доданд Сарвари давлат зимни суханронии худ.
Ба Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки барои муҳайё намудани интернети баландсуръат ва таъмин кардани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар самти рушди иқтисоди рақамӣ чораҳои муассир амалӣ намояд.
Пешвои миллат тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда гузариши пурра ба иқтисоди рақамиро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намоянд. Назорати иҷрои супориши мазкур ба зиммаи Муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода вогузор карда шуд.
Бино ба суханони Президенти макмлакат, соли 2023 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии Ҳукумат ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ 11 миллиард сомонӣ маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушд ҷалб карда шуданд.
«Хотиррасон месозам, ки дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2022 доир ба ислоҳи камбудиҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуда буданд, аммо дар қисме аз онҳо иҷрои саривақтии нақшаи азхудкунии маблағҳо ҳанӯз таъмин нагардидааст», - гуфтанд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки аз ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ 8,2 фоиз ё 2,4 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 64,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф намуданд, ки корҳоро дар ин самт тақвият бахшида, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ инчунин супориш дода шуд, ки ҷиҳати такмили методологияи омор ва низоми қабули сармояи мустақими хориҷӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, ташаккули низоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонии он чораҳои таъхирнопазир андешад.
«Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати дар соли 2032 ноил гардидан ба ҳадафи пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол намудани неруи барқ ва дар соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, корҳоро дар самти татбиқи саривақтиву сифатноки ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳа ҷоннок намояд», -таъкид намуданд Сарвари давлат ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот лоиҳаи Барномаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2029-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Бино ба гуфти Пешвои миллат, имрӯз тиҷорати электронӣ тақрибан 22 фоизи маҷмӯи савдои ҷаҳониро ташкил медиҳад ва тибқи таҳлилҳои коршиносон то соли 2040 ин нишондиҳанда то 95 фоиз афзоиш меёбад.
Роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати шаш моҳ тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳоро то манзили истиқоматии ҳар як оила ва то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин намоянд. Дастгоҳи иҷроияи Президент баъди муҳлати зикршуда иҷрои супоришро ҳамаҷониба санҷида, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод месозад.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҷдиди назар карда, нисбат ба шахсоне, ки дарахту буттаҳоро беасос мебуранд, табиатро хароб мекунанд, инчунин, ронандагону мусофироне, ки ба табиат, аз ҷумла шафати роҳҳо партоб меандозанд, меъёрҳои ҷазои сахт ворид карда шаванд.
«Ҳамчунин, зарур аст, ки аз берун ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки намуди зоҳирии ифлос дошта, симои пойтахти кишварро коста мегардонанд, воситаҳои нақлиёте, ки газҳои зараррасони ихроҷкунандаашон аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад, инчунин, дар ҳудуди пойтахт ҳаракати мошинҳои боркаше, ки масолеҳу борҳои интиқолшавандаи онҳо бо чодари махсус пӯшонида нашудааст, қатъиян манъ карда шавад», - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.