Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«АЗ ШАШ ЧОР ДОЛОНИ НАҚЛИЁТИИ БАРНОМАИ CAREC АЗ ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН МЕГУЗАРАД». Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қатар хостори густариши робитаҳо миёни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт шуданд

Санаи нашр: 23-01-2024 Просмотрено: 1407

Роҳбарони Тоҷикистон ва Қатар 22 январ зимни мулоқот дар шаҳри Давҳа имкони роҳандозии лоиҳаҳои муштараки нақлиётию транзитиро барои таҳкими робитаҳои логистикии ду кишвар баррасӣ карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар бораи зарурати содда кардани ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзит ба дигар кишварҳо изҳори назар карданд.

       Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, ки  Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Қатар дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн  ҳавасманд мебошад.

       Зикр гардид, ки ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ, ки соли гузашта ҳангоми сафари Амири Қатар ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, барои таҳкими робитаҳои дарозмуддати миёни ду кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд.

       Зимни мулоқот таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиати тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба даст оварда мешавад.

      Ҷонибҳо механизмҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи кории муштаракро ҷиҳати муайян сохтани самтҳои афзалиятнок ва Хазинаи муштараки иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.

Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук, озуқаворӣ, саноати кӯҳӣ ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайеҳӣ зарур дониста шуд.

Пешниҳод карда шуд, ки лоиҳаҳои муштараки нақлиётӣ-транзитӣ барои васеъ кардани шабакаҳои логистикӣ байни ду давлат бо мақсади осон кардани интиқоли бор ва мусофирон, инчунин транзит ба кишварҳои дигар оғоз карда шаванд.

22 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар низ мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирин ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва самтҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ, Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар кишвари мо суботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар 20 соли охир ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоизро ташкил медиҳад. Дар айни замон, барои нигоҳ доштани ин нишондиҳандаҳо ва ба таври муназзам афзоиш додани онҳо тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Аз ҷумла, дар соли 2023 суръати афзоиши ММД дар сатҳи 8,3% ва нишондиҳандаҳои таваррум дар сатҳи 3,8% таъмин карда шуданд.

Бо ин мақсад, ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, алоқа, молия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки 98 фоизи нерӯи барқ дар кишварамон аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад. Ва Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда яке аз шаш кишвари пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад. Бо дарназардошти ин, истеҳсоли ҳама намуди молу маҳсулот дар мамлакати мо ба категорияи «истеҳсоли сабз» мансуб буда, онҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, имконият доранд аз мақомоти махсуси байналмилалӣ сертификати «истеҳсоли сабз» - ро ба даст оранд.

«Тоҷикистон яке аз панҷ истеҳсолкунандаи ҷаҳонии "алюминийи сабз" мебошад ва маҳсулоти ширкати алюминийи «Талко» "сертификати сабз"дорад», - гуфтанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуданд, ки истифодаи маҳсулоти алюминии Тоҷикистон ва захираҳои литий дар кишвар барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Яъне дар  кишвари мо ду намуди асосии ашёи хом барои истеҳсоли чунин мошинҳо мавҷуд аст.

«Дар Тоҷикистон барои беҳбуди инфрасохтори нақлиётии кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, - иброз доштанд  Сарвари давлат. - Аз шаш чор долони нақлиётии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (CAREC) аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд».

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Пешвои миллат, истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои интиқоли бор аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вақт ва масофаи интиқолро аз 1200 то 2000 километр коҳиш медиҳад.

«Кишвари мо аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард дар ҷаҳон дар ҷои 50-ум қарор дорад, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа мебошад. Мо инчунин пешниҳодҳои сармоягузоронро вобаста ба таъсиси марказҳои логистикӣ истиқбол менамоем», - гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлати Точикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон 21-22 январи соли равон ба Қатар сафари давлатӣ анҷом доданд.