Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОК. Нуралӣ Арабзода бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мукофотонида шуд

Санаи нашр: 22-01-2024 Просмотрено: 2827

Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мукофотонида шуд.

Нуралӣ Арабзода тибқи қарори  Раиси вилоят Давлаталӣ Саид  таҳти № 208 аз 5 сентябри соли 2023, «барои фаъолияти самаранок» мукофотонида шудааст.

 Ёдовар мешавем, ки Нуралӣ Арабзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо таъин гардидааст.

 Тӯли 8 соли гузашта бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат зиёда аз ҳазор километр роҳу пулҳо ва нақбҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин якчанд эстакадаҳо дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода дода шуданд. Дар амалигардонии ин лоиҳаҳо Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои (МТЛТР) Вазорати нақлиёти ҶТ саҳми арзанда гузоштааст.

 Аз ҷумла, 10 июли соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаи нави сеқабатаро мавриди истифода қарор доданд, ки дар доираи татбиқи  лоиҳаи «Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода» бунёд шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ карда шуд. Фармоишгари лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ ва пудратчӣ ширкати «Ксинджианг Коммуникейшн Констракшн Групп» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин буданд. Назорати сифати корҳо дар ин лоиҳа ба  уҳдаи ширкати  машваратии «Эптиса»-и Испания  вогузор карда шуда буд.

 Ҳамин тариқ, аз соли 2016 то имрӯз аз ҷониби МТЛТР, минҷумла, чунин лоиҳаҳои  муҳташам амалӣ карда шудаанд:

-Лоиҳаи «Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии «Душанбе-Турсунзода-сарҳади Узбекистон». Қитъаи роҳ аз муҷассамаи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 82-юм. (4,93 км).

-Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» (42,5 км).   

-Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар», марҳилаи аввал; аз км 0+000 то км 33+475 (33,2 км).

-Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Бохтар», марҳилаи дуюм; аз км 33+475 то км 73+050 (39,6 км).

 7 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Нуробод ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Роғун-Оби Гарм-Нуробод» оғоз бахшиданд.

 Ин лоиҳа, ки  аз ҷониби МТЛТР амалӣ карда мешавад, аз се марҳила иборат буда,  марҳилаи аввали он 30,2 километр роҳи асосии «Оби Гарм-Тагикамар»-ро дарбар мегирад. Дар ин марҳила сохтмони нақбҳои «Кандак» бо дарозии 1,6 км ва «Карағоч» бо дарозии 1,7 км, сохтмони 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдаравҳо ва насби нишонаҳои роҳ пешбинӣ шудаанд.

 Маблағгузории марҳилаи аввал 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 110 миллион доллар кумаки бебозгашти Бонки осиёии рушд, 40 миллион доллар қарзи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон мебошад.

Марҳилаи дуюм сохтмони 44,1 километр роҳи «Тагикамар-Нуробод» ва 45 километр роҳҳои байнимаҳаллавиро бо пайвастшавии онҳо бо роҳи асосӣ пешбинӣ мекунад.

 Дар доираи татбиқи лоиҳа сохтмони нақби «Тагикамар»  бо дарозии 2,6 км, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди ду пул ва ғайра дар назар дошта шудааст.

 Манбаи маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳа қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 150 миллион доллар мебошад.

 Марҳилаи сеюми лоиҳа сохтмони пули калони дарозиаш 760 метрро дар назар дорад. Маблағгузориро Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ба маблағи 50 миллион доллар таъмин мекунад.

Арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллари ИМА), аз ҷумла кумакҳои бебозгашт ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро ташкил медиҳад.

 Дар маҷмӯъ, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо айни ҳол лоиҳаҳои зерини барои кишварамон муҳим ва дорои аҳамияти стратегиро амалӣ мекунад:

 -Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди «Оби Гарм-Нуробод». Қитъаи роҳи «Оби Гарм- Тагикамар» (30,2 км).

 -Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди «Оби Гарм-Нуробод». Қитъаи роҳи «Тагикамар- Нуробод» (45,7 км).

 -Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди «Оби Гарм-Нуробод». Сохтмони пули дарозиаш 920 метр дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод (1 км).

-Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо». Қитъаи роҳи «Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт (58,6 км).

 -Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо». Қитъаи роҳи «Окмазор (Лолазор)-Данғара» (28,7 км).

 -Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо». Маблағгузории иловагӣ. Қитъаи роҳи «Бохтар-Левакант» (30,3 км).

 -Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо». Маблағгузории иловагӣ. Қитъаи роҳи «Левакант- Окмазор» (9,7 км).