Хабарҳо

Blog

ДАР ЧАНД САТР. Навигариҳои соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 20-01-2024 Просмотрено: 943

Дар ин бахш ахбори кутоҳ дар мавриди рӯйдодҳо, ҳаводис, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо ва пешбиниҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон   пешкаш мешаванд.

 

                                       ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳама роҳҳо ба Тоҷикистон мебаранд, хабар медиҳанд расонаҳо. Ва ин бесабаб нест. Дар ояндаи наздик роҳҳои кишвари мо ҳамчун долонҳои транзитӣ-иқтисодии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», инчунин «Тоҷикистон – Чин – Покистон» истифода бурда хощанд шуд. Дар ин бора Президенти  ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паёми солонаи худ ба парлумони кишвар изҳор доштанд. «Ҳукумати ҶТ ният дорад, ки дар ояндаи наздик як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ таҳия ва пешниҳод намояд», - зикр намуданд Пешвои миллат.

                                               ***

Дар давоми се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои автомобилгард бо 7 эстакада бо арзиши умумии беш аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумони кишвар хабар доданд.

 Ёдовар мешавем, ки аввалин эстакада дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар маҳаллаи 82-юм, дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров, эстакадаи дуюм соли 2020 дар маҳаллаи Қарияи боло  ба истифода дода шуданд. Эстакадаи сеюм дар ҷои майдони «Ғалаба» сохта мешавад ва кӯчаҳои Шевченко ва Назаршоев ва хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Садриддин Айниро ба ҳам мепайвандад.

Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 наздики 20 эстакадаи нав бунёд мегарданд.

Қобили зикр аст, ки эстакадаҳо (пули фаръӣ) дар пойтахти Тоҷикистон бори аввал дар таърихи кишвар сохта мешаванд.

                                               ***

Сарраесати ҳифзи муҳити зисти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) шаҳри Душанбе ва шуъбаи Идораи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар давоми 10 рӯзи аввали моҳи январи соли 2024 дар пойтахт рейдҳои экологӣ доир карданд. Дар натиҷа беш аз 500 адад санад дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.  

Тавре «Азия-Плюс» бо истинод ба МИҲД шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз ҷумла, 402  санад барои мошинҳои ифлос, 96 санад барои аз меъёр зиёд будани партови газҳои заёновар ба атмосфера, 10  санади дигар барои интиқоли борҳои олуда бо чангу гил  бе пӯшонидани дурусти бордон дахл доранд.

Тибқи иттилои мақомоти пойтахт, инчунин муайян карда шуд, ки бисёре аз шаҳрвандон қоидаҳои муқарраршудаи тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарияро дар шаҳр, инчунин талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро риоя намекунанд. Дар робита ба ин, бо аҳолӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт сӯҳбату ва вохӯриҳо  гузаронида шуданд.

                                            *** 

                                    ДАР МИНТАҚА

  Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон 14 январи ҳамин сол дар натиҷаи сармо ҳодисаи фавқулода  рух дод, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии ҶҚ. Дар автобуси мусофирбар лӯлаи ҳавокаш шикастааст ва, дар натиҷа, дар роҳи баста ронанда ва 65 мусофир, аз ҷумла кӯдаки 10-сола ва 14 нафар занон-шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати барои саломатӣ хатарнок қарор гирифтанд. «Кормандони мақомоти ҳифзи тартибот дар якҷоягӣ бо ронандагон дар ҷои ҳодиса мушкилотро бартараф карданд ва автобусро ба наздиктарин нуқтаи гармидиҳӣ дар шаҳри Аккол бурданд. Шаҳрвандони хориҷӣ то ифтитоҳи расмии роҳ ва аз сар гирифтани ҳаракат дар ҳамин ҷо хоҳанд буд»,- гуфта мешавад дар хабар.

Ширкати Asian Express, ки ҳамлу нақли мусофиронро тавассути автобусҳо аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва Русия  роҳандозӣ мекунад, хабар дод, ки қаблан ҳамаи хатсайрҳо ба ин кишварҳо  муваққатан баста шуда буданд. «Аз сабаби зиёди бориши барф дар роҳҳои Русия ва Қазоқистон ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр ҳанӯз 12 декабри соли 2023 қатъ карда шуд. Маҳдудият то моҳи марти соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт», - илова карданд дар ширкат.  

                                               ***     

Дар Узбекистон пешниҳод шудааст, ки оператори ягонаи нақлиётӣ-логистикӣ таъсис дода шавад. Ин дар протоколи ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ бо сарварии муовини Сарвазир Ҷамшед Хоҷаев таҳти № 118 аз 25 декабри соли 2023 пешбинӣ  ва хабаргузории Spot бо нусхаи он шинос шудааст. 

 Вазорати нақлиёт ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо (ВССС) вазифадор шудаанд, ки дар давоми ду моҳ пешниҳодҳоро оид ба ташкили системаи ягонаи оператори нақлиётӣ-логистикӣ барои такмили логистикаи савдои хориҷӣ, ба андозаи 30% кам кардани хароҷоти логистикӣ ва ҷорӣ намудани долонҳои нави логистикӣ таҳия намуда, барои баррасӣ ба Девони вазирон пешниҳод намоянд.     

 ВССС, Вазорати иқтисоду молия ва ассотсиатсияи «Узэлтехсаноат» бояд дар давоми як моҳ ҷиҳати пӯшонидани 50% хароҷоти нақлиётӣ барои воридоти ҷузъҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда намешаванд,   пешниҳод манзур кунанд. Ҷуброни хароҷоти роҳ ба содиркунандагон ё ширкатҳои байналмилалии боркашонии нақлиётӣ пардохт карда мешавад.

 Вазорати нақлиёт, ВССС, Вазорати иқтисоду молия ва Агентии пешбурди содирот вазифадоранд, ки дар оғози ҳар соли молиявӣ квотаҳои логистикии «арзон»-ро аз ширкатҳои байналмилалии логистикӣ бо мақсади коҳиш додани хароҷоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ҳангоми воридот ва содирот захира кунанд.

Агентии пешбурди содирот мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба харид ва тақсимоти квотаҳо дар байни корхонаҳои содиркунанда бо 1 фоиз изофапулӣ таъин карда мешавад.

Spot инчунин хабар медиҳад, ки ҳукумат метавонад барои воридоти техникаи маишӣ боҷи зиддидемпингӣ ҷорӣ кунад. Дар айни замон, пешниҳод карда мешаванд, ки имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ дар соҳаи электротехника то охири соли 2026 тамдид карда шаванд.

                                    ДАР ҶАҲОН

Аз 30 июни соли 2023 қарори Ассамблеяи генералии Бюрои системаи «Корти сабз»  мавриди амал қарор гирифт, ки ба  Русия ва Беларус суғуртаи нақлиётро манъ кардааст.

Полисҳои байналмилалии суғуртаи автомобилии «Корти сабз», ки дар Русия ва Беларус ба расмият дароварда шудаанд, дар зиёда аз 30 кишвар аз фаъолият бозмондаанд. Барои сафар ба Аврупо ронандагон бояд шартномаҳои суғуртаи сарҳадро дар гузаргоҳҳои кишваре, ки ба он ворид  мешаванд, ба расмият дароранд.

 Аз моҳи сентябри соли гузашта байни Русия ва Беларус системаи нави суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии автомобилӣ «Корти кабуд»  мавриди амал қарор дода шуд.

Тавре директори иҷроияи Бюрои «Корти сабз»-и Иттифоқи суғуртакунандагони Русия Сергей Разуван изҳор дошт, иштирокчиёни нави системаи суғуртаи байналмилалии «Корти кабуд» дар оянда метавонанд боз панҷ ё даҳ кишвари дигар бошанд.

                                        ***

Дар Беларус арзиши суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ барои соҳибони воситаҳои нақлиёти кишварҳое, ки созишномаи дахлдори ҳамкориро бо  бо ин кишвар ба имзо нарасонидаанд, ба таври назаррас афзоиш меёбад. Қарори дахлдори Шӯрои Вазирон таҳти №17 аз 11 январи соли 2024 дар сомонаи миллии ҳуқуқии ин кишвар нашр шудааст.

Ҳамин тавр, маблағи пардохти суғурта барои як сол ба чунин андоза таъйин шудааст:

- барои мошини сабукрав-274 евро (ҳоло 84 евро),

- боркашонӣ 723 евро (ҳоло 96 евро),

 -мотосикл 33 евро (ҳоло 24 евро).

                                        ***

«Корти сабз» полиси байналмилалии суғуртаи масъулияти шаҳрвандии автомобилӣ мебошад. Он ба ронандагони кишварҳои узви система имкон медиҳад, ки бидуни хариди суғуртаи алоҳидаи маҳаллӣ барои сафарҳои хориҷӣ муҳофизати ҳамаҷониба ба даст оранд.

Системаи  «Корти сабз» аз соли 1951 фаъолият мекунад, Русия соли 2009 узви он шуда буд. Дар маҷмӯъ 48 давлат иштирокчии он мебошанд.

Аз 1 июли соли 2023 ҳамаи «Кортҳои сабз» - и хориҷӣ дар қаламрави Русия, «Кортҳои сабз» - и Русия бошанд дар хориҷа, аз ҷумла дар кишварҳои дӯст  амал намекунанд.

                                              ***

 Тибқи маълумоти Иттифоқи суғуртакунандагони Русия, «Корти кабуд» дар мавриди харид ва истифода мисли «Корти сабз» аст. Соҳибони воситаҳои нақлиёти Русия бо ин корт метавонанд бидуни харидани полиси кишварҳои хориҷаи наздикба ин кишварҳо ба сафар кунанд. Созишнома дар бораи ҷорӣ кардани «Корти кабуд» бо Беларус ба даст омадааст, чунин шартномаҳо бо Туркия ва Озарбойҷон низ омода карда мешаванд. Ба ақидаи коршиносон, ба системаи «Корти кабуд» ҳамаи давлатҳои узви ЕАЭС (Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон), инчунин Молдова, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркия ва Чин пайваст шуда метавонанд.

 Нархгузории «Корти кабуд» ба «Корти сабз» монанд аст. Нархи полисҳои нав нисбат ба суғуртаи инфиродии маҳаллӣ камтар хоҳад буд. Арзиши «Корти сабз" барои 15 рӯз тақрибан 3 ҳазор рублро ташкил медод, нарҳобарои Беларус, Молдова ва Озарбойҷон се маротиба камтар буданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, нархи «Корти кабуд» метавонад аз «Корти сабз» камтар бошад.

                                              ***

 Интизор меравад то соли 2024 дар Русия ҳаҷми воридоти мошинҳо тавассути тарҳи «Воридоти мувозӣ» ду маротиба кам мешавад. Ин ба мушкилоти нигоҳдории чунин воситаҳои нақлиёт ва афзоиши хароҷоти логистика ва барасмиятдарории гумрукӣ вобаста аст, хабар доданд намояндагони ширкатҳои фурӯши автомобилҳо.

Тибқи пешгӯиҳои Раиси ассотсиатсияи «Ширкатҳои фурӯши автомобилҳои Русия» (Российские автомобильные диллеры, РОАД) Алексей Подшеколдин, дилерҳои маъруфи автомобилӣ аллакай ба рад кардани барномаҳои воридоти мувозӣ (ё ҳамзамон)  шурӯъ кардаанд ва шумораи иштирокчиёни ин бозор дар соли 2024 ба таври назаррас коҳиш хоҳад ефт, менависад «Газета.ру».

Воридоти мувозӣ воридоти молҳои хориҷӣ бидуни иҷозати истеҳсолкунандаи соҳибҳуқуқ мебошад. Барои он чунин воридот мувозӣ номида мешавад, ки  фурӯши расмӣ тавассути дистрибюторҳо бо фурӯши воридкунандагони мустақил сурат мегирад.  Бо сабабҳои маълум бисёре аз истеҳсолкунандагони хориҷӣ аз кор дар бозори Русия даст кашиданд ва 29 марти соли 2022 Ҳукумати Русия иҷозат дод, ки маҳсулот бидуни розигии истеҳсолкунанда ба кишвар ворид карда шавад.

                                     ***

Дар бахши  ҳамлу нақли автомобилӣ дар соли 2023 даромадҳои рекордӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар соли 2024 низ нигоҳ дошта мешаванд. Гуфта мешавад, чунин натиҷа бино ба афзоиши истисноии талабот аз ҷониби Чин ва дар маҷмӯъ кишварҳои Осиё  ба даст омадааст.

Дар ин бора дар гузориши охирини худ VesselValue хабар медиҳад.

Чин ҳоло дар бахши Ro-Ro (интиқоли воситаҳои нақлиёт тавассути  баҳр) пешсаф аст. Тибқи натиҷаҳои соли 2023, Чин содиротро дар сатҳи 4,1 миллион мошин пешгӯӣ мекунад (ба истиснои интиқол ба Русия дар контейнерҳо тавассути нақлиёти заминӣ), ки ба афзоиши 52% дар як сол мувофиқат мекунад.

Афзоиши содирот аз ҷониби Чин — бузургтарин бозори автомобилии ҷаҳон — дар ҳамбастагӣ бо талаботи зиёд ба мошинҳои барқӣ шуруъ аз авохири соли 2021 бозгӯи он аст, ки чаро меъёрҳо ва арзиши дороиҳо дар бахши интиқолдиҳандагони мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтанд. Дар айни замон, пас аз Covid, афзоиши пешниҳод хеле кам, ҳамагӣ 1-2% - ро ташкил дод.  

 VesselValue афзоиши талабот дар Осиёи Ҷанубу Шарқиро дар соли 2024 ба андозаи 7% пешгӯӣ мекунад. Содироти мошинҳои сабукрав аз Чин ба қуллаи баланди худ мерасад. Ин бояд бозорро то соли 2025 мувозинат кунад, вақте ки нархҳо ба ҳисоби миёнаи таърихӣ бармегарданд.