Хабарҳо

slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҳайати Словакия мулоқот намуд

Санаи нашр: 09-01-2024 Просмотрено: 1969

  8 январ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири фавқулода ва мухтори Словакия дар Тоҷикистон  (бо қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) Виктор Боретско, Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак ва роҳбари ширкати  Словакия барои рушди тиҷорат дар Осиёи миёна Ростеслав Бабитс баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо  имконияти ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.  

 Виктор Боретско иброз намуд, ки ҷониби Словакия хостори рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва интиқоли молу маҳсулот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омода аст дар доираи манфиатҳои тарафайн дар ин самт ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад.

Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак  иброз дошт, ки бонк омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, хусусан дар самтҳои насби тарозуҳои ченкунии мошинҳои гаронвазн ва маҷмуи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт бо шарту шароитҳои мутақобиланд судманд сармоягузорӣ намояд.

Ҳамзамон, Роҳбари ширкати «Бетамонт»-и Словакия гуфт, ки ширкати мазкур солҳои охир дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт таҷрибаи пешрафта ва дастовардҳои назаррас дошта,  метавонад бо шарикон аз  Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушди муносибатҳои миёни ду кишвар дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иброз дошта,  зикр намуд, ки насби тарозуҳо дар танзими меъёр ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн, ҷиҳати аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштани инфрасохтори бунёдгардида мусоидат менамояд. Ба гуфтаи ӯ,  ин раванд дар маҷмуъ ба дароз гардидани умри инфрасохтори бунёдгардида ва коҳиш ёфтани ҷалби маблағҳо барои нигоҳубини ҷории иншооти роҳдорӣ оварда мерасонад.

Дар фарҷоми гуфтушунид байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз имзои ин Ёддошти тафоҳум дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Словакия насб намудани тарозуҳои вазнченкунӣ дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доштаи Тоҷикистон мебошад.