Дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасониҳои машваратӣ 8 январи соли 2024 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Кореяи Ҷанубӣ ISAN Corporation шартнома ба имзо расонида шуд. Шартномаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори филиали
ISAN Corporation дар шаҳри Алмаато Ҷонг Хидэ ба имзо расониданд.
Мақсади асосии шартнома омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои муфассали корӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва воситаҳои экологию иҷтимоӣ барои бунёди ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ду пул дар ноҳияи Восеъ мебошад.
Ду пули асосӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Рӯдакӣ» болои дарёи Кофирниҳон дар километри 9+800 ва болои дарёи Элок дар километри 11+000 сохта хоҳанд шуд. Ду пули дигар дар шоҳроҳи «Душанбе-Қулма» болои дарёи Қизилсу дар километри 158+00 ва болои дарёи Ёхсу дар километри 165+000 бунёд мегарданд.
Интизор меравад, ки хизматрасониҳои машваратӣ дар аввали моҳи январи соли 2024 оғоз шуда, 12 моҳ идома хоҳанд ёфт.