Хабарҳо

slider_img

ТАМАННИЁТИ СОЛИНАВИИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба кормандони соҳаи роҳу нақлиёт

Санаи нашр: 30-12-2023 Просмотрено: 2400

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамаи кормандони соҳаи роҳу нақлиётро бо фарорасии Соли нави 2024 табрик гуфт.

Дар зер матни табрикот пешниҳод карда мешавад.

Дӯстони азиз!

 Шумо ва дар симои шумо ҳамаи шаҳрвандони кишварамонро бо фарорасии Соли нави 2024 сидқан табрик мегӯям!

Соле, ки сипарӣ мешавад, барои мо боз як соли фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ буд. Вай бисёр мушкилоти нав овард, аммо дастовардҳо ва ғалабаҳои зиёдеро низ насибамон гардонид.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат 28 декабри соли равон изҳор доштанд, «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид».

 Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд, «дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».

 Дар соҳаи роҳу нақлиёт низ муваффақиятҳо ба даст оварда шуданд. Тибқи натиҷаҳои соли 2023, саҳми соҳаи нақлиёт дар сохтори ММД-и кишвар 0,1 фоиз афзуда, 8,3 фоизро ташкил дод ва ба 9844,3 миллион сомонӣ баробар шуд.

Дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 1000 километр роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Танҳо дар пойтахти кишвар 16 километр роҳҳои автомобилгард сохта, ба истифода дода шуданд.

 Роҳҳои автомобилгарди «Қизилқалъа-Бохтар» бо дарозии 9,2 км, «Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт» бо дарозии 58,9 км ва роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии «Муминобод-Ғеш- Чилдухтарон» бо дарозии 12 км ба истифода дода шуданд.

Дар қитъаи садамавии километри 36-уми роҳи байналмилалии «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма» ду гардиши хатарнок мутобиқи стандартҳои байналмилалии бехатарӣ таҷдид гардида, дар 10 километри ин роҳ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин хатҳои равшанидиҳанда насб карда шуданд.

 Дар 11 моҳи соли 2023 тавассути  ҳамаи намудҳои нақлиёт қариб 108,2 миллион тонна бор ва зиёда аз 821,2 миллион нафар мусофирон интиқол дода шуданд, ки мутаносибан 115,0% ва 109,5% – и сатҳи январ-ноябри соли 2022-ро ташкил медиҳад.

 Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётии Вазорати нақлиёт корҳои лоиҳакашӣ ва назорати сохтмониро дар 31иншоот анҷом дод.

   Дар соли сипаришаванда бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вазорат КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд. Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои КВД «Бохтарнаклиётхизматрасон» дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ва Маркази нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд.

 Соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, ҷаласаи якуми вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ, ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони нақлиётии мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо», роҳнавардии байналмилалии автомобилии «Корвони дӯстӣ» дар масири «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон – Арманистон» баргузор гардид.

Моҳи сентябри соли 2023 дар Тоҷикистон бори аввал дар таърих шиносномакунии роҳҳо оғоз ёфт. Вазорати нақлиёт, ки барои ин кор система ва таҷҳизоти муосирро бо дастгирии Бонки Осиёии рушд ба даст овардааст, минбаъд тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мунтазам бақайдгирии дороиҳои роҳро анҷом хоҳад дод.

         Дӯстони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

         Меҳнати шумо барои кишвари азизамон хеле муҳим ва арзишманд аст. Ба шарофати шумо нақлиёти мо, ки яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад, дар ҳолати муътадил фаъолият мекунад.

        Ҳамчун Вазир ман фаъолияти шуморо дар соли гузашта фидокорона ва муассир арзёбӣ мекунам.   

        Мехоҳам алоҳида ба собиқадорон, ки бо таҷриба ва дониши худ дар омода кардани насли нави мутахассисон кӯмак мерасонанд, ташаккур гӯям.

        Вазъи ноороми ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки барои ҳифзи Истиқлолият ва Озодӣ, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии Ватани азизамон тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави 2024 самимона табрик мегӯям, ба ҳар яки шумо саломатӣ,  саодат ва тамоми хушиҳои ҳаёт ва ба Тоҷикистони азизамон рушд ва пешрафти боз ҳам бештар таманно  мекунам.                                                        

                                                             Вазири нақлиёти

                                                        Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                 Азим Иброхим

                                                          30 декабри соли  2023 г.