Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Сарвари давлат 28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон» ироа гардид, ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ муайян карда шуданд.
Пешвои миллат дар бахши шартии иқтисодӣ таваҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди нақлиёт ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ҷалб намуданд.
Дар зер нуктаҳои асосии Паёмро аз ин қисм пешниҳод хонандагон менамоем.
ДАР БОРАИ КОРҲОИ ИҶРОШУДА
Бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
***
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардиданд.
***
Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд.
***
Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
***
Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.
ДАР БОРАИ КОРҲОЕ, КИ ИҶРО МЕШАВАНД
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
***
Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.
***
Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
***
Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
***
Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад.
ДАР БОРАИ КОРҲОЕ, КИ ИҶРО ХОҲАНД ШУД
Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.
***
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.
***
Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.
Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
***
Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.
***
Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.
ДАР БОРАИ ОН ЧӢ, КИ МУҲИМ АСТ
Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
***
Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст.
***
Илова бар ин, барои пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим мебошад.
ДАР БОРАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ДОДАШУДА
Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоя ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш тадбирҳои ҳатмӣ андешанд.
***
Бар замми ин, Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ чораҷӯйӣ намоянд.
***
Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
***
Илова бар ин, зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.