Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солона ба Парлумони (Маҷлиси Олии) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиесати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муроҷиат намуданд. Дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳайати кормандони дастгоҳи марказии вазорат Паёми сарвари давлатро, ки аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизионии кишвар мустақиман пахш гардид, шуниданд. Намоиши дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат инчунин дар ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳои тобеи вазорат ташкил карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисторн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро дар толори калони «Кохи Сомон», дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи Парлумони ҶТ, дар ҳузури сарони палатаҳои Парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли, Сарвазир, Роҳбар ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, роҳбарони вазорату идораҳо, Суди Олӣ, Прлкуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои тиҷоратӣ, корпуси дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма ироа намуданд.
(Дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти ҶТ мо дар дигар хабару гузориш ва ташреҳу мақолаҳои худ нақл хоҳем кард)