Дар муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва фароғатии Тоҷикистон «муъҷизаи солинавӣ» оғоз меёбад! Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фарзандони кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро ба яке аз намоишҳои гармтарин ва пурсеҳртарини оилавӣ - спектакли «Кафшҳои булӯрин» аз рӯи афсонаи маъруфи аврупоӣ «Золушка», ки аз ҷониби драматурги фаронсавӣ Шарл Перро таҳия шудааст, даъват мекунад. Спектакл барои фарзандони мо 28 декабри соли 2023 баргузор мешавад, оғози намоиш - соати 17:30.
Соли нав иди пур аз муъҷиза ва хеле дӯстдоштанӣ аст! Дар Соли нав ҳамаи мо на танҳо тӯҳфаю табрикот, балки саёҳатҳои ҷолиб ва рангинро ба олами қаҳрамонони афсонаҳои дӯстдоштаамон интизор мешавем!
Спектакли «Кафшҳои булӯрин» дар бораи чӣ нақл мекунад?..
Дар бораи як шахси бонуфуз ва маъруф. Завҷааш аз олам мегузарад ва духтараш ятим мемонад.Ӯ як духтари меҳрубон, хушмуомила ва зебо буд, мисли модари фавтидааш. Рӯзе мард қарор дод, ки дубора издивоҷ кунад ва зани бадрафтор, худхоҳ ва саркашеро ба занӣ гирифт. Ин зан ду духтар дошт, ки ба модар хеле монанд буданд, ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан. Пас аз тӯй завҷаи нави мард дарҳол хусусиятҳои бади худро нишон дод. Вай хуб медонист, ки дар паҳлӯи духтари зебою меҳрубони мард духтарони ӯ бадтар ва зишттар ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, вай аз духтари шавҳараш нафрат дошт ва ӯро маҷбур мекард, ки тамоми корҳои вазнинтарин ва ифлостаринро дар хона анҷом диҳад. Духтари бечора хӯрок мепазад, либос мешӯяд, ҳуҷраҳои хоҳаронро тоза ва зинапояҳоро поккорӣ менамояд. Ӯ дар як ҳуҷраи хурди танг дар болохона зиндагӣ мекард. Вай аз бепарвоии падари ороми худ, ки аз зани наваш метарсид, ғамгин буд. Шабона вай аксар вақт дар болои хокистари гарм дар назди оташдон менишаст ва ва бо сару рӯи пур аз гард ба фикр фурӯ мерафт, аз ин рӯ ӯро Золушка (Хокистарандом) меномиданд. Аммо сарфи назар аз номаш, вай дар сарулибоси куҳна нисбат ба хоҳаронаш, ки либосҳои гаронбаҳо доштанд, сад маротиба зеботар буд...
***
Умедворем, ки спектакли "Кафшҳои булӯрӣ" ба тамошобинони навраси мо як ҷаҳон эҳсосоти дурахшон ва мусбӣ ва, албатта, табъи аҷиби солинавӣ мебахшад.
Волидони азиз! Фарзандони худро ба спектакл баред, бо ин шумо метавонед дар ниҳоди онҳо муҳаббат ба адабиёт, китобхонӣ, ба санъату ҳунарро бедор созед ва инкишоф диҳед. Тамошои таҳаввулоту рӯйдодҳо дар саҳна чизест, ки кӯдакон табиатан аз он ба ваҷд меоянд.
Ва кӯдаконро дар толор танҳо нагузоред, барои худатон низ чипта харед. Умуман, беҳтар аст, ки бо тамоми оила ба театр равед.