Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДУРОҲАИ БӮРОНӢ. Дар шоҳроҳи «Алмаато-Душанбе» дар қаламрави Қазоқистон ҳаракати ҳамаи намудҳои нақлиёт қатъ гардид

Санаи нашр: 15-12-2023 Просмотрено: 2052

Бо сабаби бад шудани вазъи обу ҳаво - бинобар бӯрони шадид ва диди маҳдуд дар вилояти Ҷамбул аз соати 18:15 рӯзи 13 декабр ҳаракат дар қитъаи роҳи автомобилгарди «Алмаато –Тошканд – Душанбе» дар километри 143-214 (гузаргоҳи Кордай) дар қаламрави Қазоқистон баста шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод, иттилоъ медиҳанд ВАО.

Дар роҳ қатори мошинҳои боркаш ба вуҷуд омадааст, тақрибан 400 мошин дармонданд. Гуфта мешавад, ки бисёре аз ронандагони мошинҳои боркаш, ки дар роҳ дармондаанд, шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия мебошанд.

Қисмати шоҳроҳи «Алмаато - Тошканд – Душанбе» аз деҳаи Жанакурилис то сарҳади вилояти Ҷамбул баста аст.

 14 декабр вазъ бетағйир боқӣ монд: тибқи маълумоти "КазАвтоЖол", ҳамаи мақомоти масъул ва ташкилотҳои пудратӣ, аз ҷумла аз лоиҳаҳои таҷдид ва таъмири асосӣ барои тоза кардани роҳ дар вилоятҳои Туркистон ва Ҷамбул фиристода шуданд. Аммо ин натиҷа намедиҳад.

  «Корҳо оид ба тоза кардани қисмати мазбури роҳ идома доранд, аммо чораҳои андешидашуда аз сабаби шамоли шадиди канори роҳ натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Қитъаҳои тозашудаи роҳҳои автомобилгардро фавран яхбандии барфӣ пур мекунад», - шарҳ доданд дар ин идора.

 Ширкатҳои сайёҳӣ хабар доданд, ки тибқи баъзе маълумотҳо, роҳ барои ду - се рӯз баста шудааст.

 Тибқи иттилои расонаҳо, дар аксари манотиқи Қазоқистон чанд рӯз аст, ки аз сабаби сардиҳои шадид маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳҳо ҷорӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди огоҳӣ дар бораи баста шудани роҳҳо ронандаҳо ба роҳи дур баромада, «гаравгон»- и вазъи обу ҳаво мешаванд. Одамони дар роҳ мондаро пулис наҷот медиҳад.

  Ба диққати ронандагон ва мусофирони Тоҷикистон! Агар шумо нияти сафар ба Алмааторо доред, метавонед бо мушкилот мувоҷеҳ шавед: роҳ баста ва дар айни замон ба он ҷо бо роҳи маъмулии заминӣ расидан ғайри имкон аст.

Хоҳиш мекунем, дар шароити номусоиди обу ҳаво сафар тавассути нақлиёти автомобилиро маҳдуд кунед ва қаблан бо маълумот дар бораи обу ҳаво шинос шавед!