Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2023 ҳавои сард дар назар дошта шуда,дар водиҳо борон ба барф табдил меёбад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи зиёд дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо рӯзона дамои ҳаво 8-13 дараҷа поин хоҳад рафт. Ҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳо туманро пешгӯӣ мекунанд ва шамол бо суръати 15-20 м/с мевазад. Дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» хатари резиши тарма бештар мешавад.
Илова бар ин, барфи тар метавонад ба танаи симчӯбҳои интиқоли барқ ва дарахтон часпад ва бо вазнинӣ ҳолаҳои садамавиро ба вуҷуд орад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагону мусофирон шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд.
Соҳибони нақлиёт бояд аз эҳтиёт кор гиранд, дар сурати истифодаи роҳҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо бояд мошини худро бо ашёи зарурӣ, аз қабили бел, табар, ҳезум, занҷирҳои барфӣ, чароғҳо, халтаҳои хоб, захираи маҳсулот таъмин кунанд, сатҳи фарсудашавии чархҳоро бисанҷанд ва дар сурати лозим онҳоро барои зимистон иваз кунанд.
Хотиррасон мешавем, ки 4 декабри соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди мамлакат тариқи маҷозӣ ҷаласаи назоратӣ гузаронида, омодагии муносиби роҳҳо, техникаю таҷҳизотро ба зимистони фарорасида масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуд ва таъкид кард: «Аз сифати кори мо бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ҳамлу нақли саривақтии бору мусофирон ва фаъолияти мураттаби соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бастагӣ дорад».