Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути нақби «Дӯстӣ» (минтақаи Майхура) дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», ки 11 декабри соли равон бинобар рух додани садама дар дохили нақб муваққатан боздошта шуд, пас аз чанд соат аз нав аз нав барқарор гардид, хабар медиҳад маркази матбуоти филиали "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар ҶТ.
Зикр карда мешавад, ки кормандони ширкат фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд ва барои рафъи оқибатҳои садамаи нақлиётӣ тадбирҳо андешиданд.
«Садамаи мазкур бо иштироки мошинҳои боркаши "фура" ва "спринтер" рух дод. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. Оқибатҳои садама дар нақб бартараф карда шуданд, ҳаракат барқарор гардид», - навиштааст маркази матбуотии филиали ширкат ва илова кардааст, ки «тафсилоти садама баъдтар нашр хоҳад шуд».
Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки бо сабаби бориши шадиди барф дар ин хатсайр маҳдудиятҳои вақт барои фургонҳо ва мошинҳои боркаш бо присепҳо ҷорӣ карда шудаанд.