Рӯзи чоршанбе, 7 декабр Тоҷикистон ва Латвия дар Душанбе ҷиҳати афзоиши хамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Зери санади мазкур ҳамраисони Гуруҳи кории Тоҷикистон ва Латвия оид ба нақлиёт – муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, муовини Котиби давлатии Вазорати коммуникатсияи Ҷумҳурии Латвия Улдис Рейманис, ҳамчунин Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода имзо гузоштанд.
Тарафҳо номида мешаванд, муҳимияти рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду давлатро ба инобат гирифта, бо кӯшиши таъсиси шарикии боэътимод ва баробарҳуқуқ, ки ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла логистика мусоидат мекунад, бо риояи қатъии тамоми талаботи таҳримоти дахлдор ҳангоми татбиқи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, бо ҳавасмандии фароҳам овардани шароити мусоид барои соддагардонии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин транзит тавассути қаламрави худ ба кишварҳои сеюм, бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии тарафайн, ки пештар дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба зимма гирифтаанд, дар доираи созишномаҳои байналмилалии басташуда ба чунин мувофиқа расиданд:
- омодагии хешро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла дар бобати инкишоф додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии байни корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва маъмурияти роҳи оҳани Точикистон ва Латвия, бо мақсади мусоидат ба рушди тиҷоратию иқтисодии кишварҳои ҳамдигар иброз намуданд;
- муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоидро дар қаламрави давлати худ мувофиқи қонунгузории миллии худ ва дар асоси принсипҳои мутақобила барои анҷом додани хамлу нақли байналмилалии рӯизаминии тарафи дигар, ки тавассути қаламрави он давлат анҷом дода мешавад, таъкид намуданд;
- муҳимияти рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду давлатро ба инобат гирифта, шарикии боэътимод ва баробарҳуқуқро, ки ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла логистика мусоидат мекунад, ба роҳ мемонанд;
- бо мақсади татбиқи минбаъдаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамлу нақли байналмиллалии автомобилӣ аз 11 июли соли 2009, азм намуданд, ки масъалаи васеъ намудани имкониятҳои боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилиро баррасӣ менамоянд;
- ҷиҳати таҳия ва таҳкими самаранокии долонҳои нави байналмилалии боркашонӣ ва масирҳои мусофирбарӣ байни шаҳрҳои давлатҳои якдигар, аз ҷумла тавассути мусоидати фаъолона ба рушди занҷирҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ, бо истифода аз долони нақлиётии «Аврупо-Қафқоз-Осиё» - ТРАСЕКА ва пайвастани он бо кишварҳои соҳили Балтика ва Скандинавия бо истифода аз инфрасохтори нақлиётию логистикии кишвари худ чораҷӯӣ менамоянд;
- омодагии хешро барои ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси марказҳои логистикӣ дар қаламрави кишварҳояшон изҳор намуданд;
- изҳор намуданд, ки дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан сиёсати муътадили тарифиро ба таври доимӣ пеш мегиранд;
- изҳор намуданд, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратии нақлиётӣ ҳангоми транзит аз қаламрави давлатҳои худ, бо мақсади афзоиши хамлу нақли байналмилалӣ тавассути наклиёти рӯизаминӣ (автомобилӣ ва роҳи оҳан) чораҳои зарурӣ меандешанд.
- аҳамияти мубодилаи иттилоотро дар бораи масирҳои асосии истифодабарии қитъаҳои роҳи автомобилгард дар қаламрави давлатҳои худ, инчунин андозҳо, боҷҳо, пардохтҳо ва тарифҳоеро, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳангоми вуруду хуруҷи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ё транзитӣ тавассути қаламрави давлатҳои худ истифода мешаванд, таъкид мекунанд;
- бо мақсади содда кардани расмиёти убури сарҳад зарур мешуморанд, ки системаҳои рақамӣ, аз ҷумла борхатҳои электронӣ (e-CMR) байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои тарафҳо истифода шаванд;
- бо дарназардошти ҳамкориҳои фаъолона ва рушдёбанда, аз ҷумла ҷаласаҳои Гурӯҳи кории Тоҷикистону Латвия дар соҳаи нақлиёт ва таъсиси Комиссияи муштараки Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз 12 июни соли 2023 дар Рига, аҳамияти робитаҳои мустақимро таъкид намуда, дар мавриди зарурат, миёни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои худ бо мақсади таҳияи қарорҳои ба ҳамдигар кобили кабулро дар мавриди мушкилиҳои ҳамлу накли байналмиллалии рӯизаминӣ вохӯриҳои дутарафа анҷом медиҳанд.
- Гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти авиатсионии ҳарду ҷонибро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои тарафайн даъват карда, пешниҳод намуд, ки корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро ҷиҳати татбиқи барномаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия ба роҳ монанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Латвия аз 7 то 9 декабри соли 2023 дар Тоҷикистон қарор дошт ва бо Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, инчунин бо роҳбарияти МД "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ" - и Вазорати нақлиёти ҶТ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 11 майи соли 1994 барқарор карда шудаанд. Тоҷикистон ва Латвия қаблан ба мувофиқа расида буданд, ки ба таҳкими иқтидорҳои транзитӣ-нақлиётии ду кишвар, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таъсиси долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки интиқоли борҳоро байни Аврупо ва Осиё таъмин мекунанд, ҳамаҷониба мусоидат кунанд. Дар ин бора, аз ҷумла, дар изҳороти муштараки Сарони ду давлат оид ба натиҷаи гуфтушунидҳои онҳо дар Душанбе ва Рига дар солҳои 2009 ва 2014 таъкид шудааст.