Хабарҳо

slider_img
slider_img

«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТҶАМЪИСТ». Дар Вазорати нақлиёт бахшида ба ин мавзуъ мулоқот доир гардид

Санаи нашр: 07-12-2023 Просмотрено: 1822

Дар доираи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бо мақсади иҷрои Нақшаи тадбирҳои Вазорати нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия 6 декабри соли равон  дар вазорат мулоқоти кормандони  маҷмааи роҳу нақлиёт бо муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон (АНДМ ва МК),   Қиёмиддин Насриддинзода баргузор гардид.

 Мулоқотро, ки ба мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъист»  бахшида шуд, муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Зикр гардид, ки тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 ва банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) Вазорати нақлиёт Барномаи соҳавии муқовимат бо коррупсия таҳия ва тасдиқ кардааст ва ҳар сол дар асоси он нақшаи тадбирҳо оид ба муқовимат ба коррупсия  мавриди иҷро қрор дода мешавад.

Дар доираи татбиқи ин нақша барои соли 2023 ва ҷиҳати бурдани  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон, баргузории семинару вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.

Муовини сардори Раёсати АНДМ ва МК,  полковники адлия Қиёмиддин Насриддинзода оид ба муҳтавои моддаи 661 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ   ва  ҳолату оморҳои соҳавӣ ба таври муфассал маълумот дод.  Зикр гардид, ки мутобиқи моддаи мазкур барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла, бо мақсадҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зарурияти бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқоти худ махсус таъкид менамоянд.   

      Бори дигар ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонида шуд, ки соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин санад имзо гузошт ва ба узвияти  ин конвенсия пазируфта шуд. Инчунин бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти хавфнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. То имрӯз  се санади барномавӣ, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуданд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ин санадҳо шаҳодати он аст, ки имрӯз масъалаи муқовимат ба коррупсия дар радифи дигар самтҳои афзалиятнок яке аз самтҳои муҳимму меҳварии сиёсати ҳуқуқии давлатӣ маҳсуб мешавад.

      Ҳамзамон гуфта шуд, ки Агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ истифодаи самарабахши маблағҳо ва молу мулки давлатиро барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта амалӣ  мегардонад.