Хабарҳо

slider_img
slider_img

Корея бо Тоҷикистон дар бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» ҳамкорӣ мекунад

Санаи нашр: 04-12-2023 Просмотрено: 1029

 Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рӯзҳои 27 ноябр – 2 декабри соли 2023 ҳайати коршиносони Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОIСА)  бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор доштанд.

 

27 ноябр ҳайати мазкур бо муовини Вазири нақлиёти ҶТ  Фаррух Неъматзода ва 1 декабр бо муовини якуми Вазири нақлиёти ҶТ Раҳим Бобозода ва дигар масъулини соҳа вохӯрҳо анҷом доданд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»- ро баррасӣ намуданд.

 Ҳайати Кореяи Ҷанубӣ омодагии худро ҷиҳати гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи  бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён» изҳор дошта, зикр намуданд, ки баъди таҳияи санади мазкур ҷониби Корея омода аст масъалаи сохтмони онро низ бо ҷониби Тоҷикистон  баррасӣ намояд. Бинобарин, ҷониби  Корея пешниҳод намуд, ки дар аввали соли 2024 байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва агентии КОИКА Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи мазкур ба имзо расонида шавад. Баъди имзои Ёддошти тафоҳум, КОИКА бо даъвати мутахассисони соҳа аз Корея якҷо бо мутахассисони Тоҷикистон корро шуруъ менамоянд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур, курсҳои такмили ихтисос барои мутахассисони тоҷик ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Корея ба нақша гирифта шудааст.

  28 ноябри соли равон ҳайати коршиносони КОICА якҷо бо масъулини Вазорати нақлиёт, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» бо мавзеҳои сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён» шинос шуданд. Дар рафти сафар  ҳайати коршиносони Корея аз истгоҳи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ» (Колхозобод) низ дидан намуда, бо масъулини қитъаи мазкур мулоқот анҷом доданд.

 29 ноябр дар Вазорати нақлиёти ҶТ машварати коршиносони ду кишвар бо иштироки масъулини вазорат, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳи автомобилгарди «Шоҳон-Зиғар» баргузор шуд. Дар машварат тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва техникии лоиҳаи мазкур баррасӣ гардид.

Зимни ин машварат коршинисони Кореяи Ҷанубӣ дархост намуданд, ки барои сари вақт оғоз гардидани татбиқи лоиҳаи мазкур ҷониби Тоҷикистон  тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро дар фурсатҳои наздиктарин ба ҷониби Корея  ҷиҳати иқдомҳои минбаъда пешниҳод намояд.

 30 ноябри соли равон вохўрии ҳайати мазкур бо Директори КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ Валиҷон Махсум баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо бештар масъалаҳои харитакашии лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, хусусан топографияи лоиҳаи мазкурро барраст намуданд. 

Зимни вохӯрӣ ҳайати Корея аз роҳбарияти КВД дархост намуд, ки  сметаи пешакии хароҷотро барои таҳияи харитаи топографии лоиҳаи зикршударо ҷиҳати баррасӣ ба ҷониби Корея пешнињод намоянд.