Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Қазоқистон масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Санаи нашр: 06-12-2023 Просмотрено: 1861

Имрӯз Вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Тӯрахоновро ба ҳузур пазируфт.

 

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаи  ҳамлу нақл баррасӣ намуданд.

Вазири нақлиёти ҶТ тазаккур дод, Тоҷикистон бо Қазоқистон дар ҳамаи самтҳо, аз чумла дар соҳаи роҳу нақлиёт ҳамкории зич дорад. Зикр гардид, ки айни ҳол бо Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии нақлиёти мусофирбарӣ дар масири Хуҷанд - Шимкент, Хучанд - Уш Конир, Бохтар - Саригаш, Хуҷанд – Жибек Жоли ва Хуҷанд – Иргели фаъолият доранд. Дар давоми 11 моҳи соли равон шумораи мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон 5259 нафарро ташкил додааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз тарафи Роҳи оҳани Казоқистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз 30 то 50 фоиз сабукӣ пешниҳод шудааст, ки ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат мекунад.

Сафири Қазоқистон низ аз ҳамкориҳои миёни кишварҳо изҳори қанаоатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду давлат, бахусус дар соҳаи ҳамлу нақл мусоидат хоҳад кард.